Зери ин унвон 18 марти соли 2026 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт бахшида ба Рӯзи фарҳанг ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки аҳли фарҳанги ноҳия баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини якуми раиси ноҳияи Рашт муҳтарам Шарифзода Ҳамдулло иштирок намуда, аҳли фарҳанги ноҳияро ба муносибати иди касбиашон табрику таҳният гуфт. Зимни суханронӣ номбурда таъкид намуд, ки фарҳанг пайвандгари маънавии наслҳо буда, ҳамчун ҷавҳари ақлонӣ ва таърихии миллат дар таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди ҷомеа нақши муҳим дорад.
Дар идомаи ҷамъомад як қатор кормандони соҳаи фарҳанги ноҳия, ки дар пешрафт ва рушди соҳа саҳми назаррас гузоштаанд, бо туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва шуъбаи фарҳанг сарфароз гардонида шуданд.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва рӯҳияи болида баргузор гардида, бозгӯи эҳтирому қадршиносӣ нисбат ба аҳли фарҳанг арзёбӣ гардид.


