Либоси миллӣ ҳамчун оинаи фарҳанг, таърих ва ҳувияти ҳар як халқ мавқеи муҳим дорад. Бо мақсади тарғиби арзишҳои миллӣ ва эҳёи анъанаҳои неки ниёгон, дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем» аксияи тарғиботӣ баргузор гардид.
Ин иқдом ба боло бурдани ҳисси худшиносӣ, тақвияти ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии гузаштагон мусоидат намуда, барои ҳифзу рушди арзишҳои миллӣ заминаи устувор фароҳам меорад.

