Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

РАШТ — ДАР ФАЗОИ ТОЗАГИВУ ОБОДОНӢ!

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҳудуди ноҳияи Рашт бо ҷалби ташкилоту муассисаҳо шанбегии умумӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо дастгирии раиси ноҳия Идизода Зарина Фузайлшо роҳандозӣ гардида, зимни он кормандони сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва дигар идораҳо ба корҳои ободонию тозагӣ машғул шуданд.
Дар доираи шанбегӣ корҳои тоза намудани кӯчаю хиёбонҳо, сафедкунии дарахтон, ҷамъоварии партовҳо ва ба тартиб даровардани гирду атрофи биноҳои маъмурӣ анҷом дода шуд. Ҳамзамон, бо мақсади сарсабзу хуррам гардонидани муҳити зист ва беҳтар намудани симои меъмории маҳал, дар ҳудуди кӯчаҳо ва назди муассисаҳо маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардида, ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шуданд.
Баргузории чунин иқдомҳо ба беҳдошти муҳити зист, таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорию деҳотӣ мусоидат намуда, ҷиҳати ободу зебо нигоҳ доштани ноҳияи Рашт заминаи мусоид фароҳам меорад.