Санаи 16 феврали соли 2026 дар Ҷамоати деҳоти Нусратуло Махсум вохӯрии навбатӣ оид ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Эмомалӣ Раҳмон — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ раиси ноҳия иброз дошт, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун санади муҳими сиёсиву барномавӣ самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро барои солҳои минбаъда муайян намуда, барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва вусъати корҳои созандагиву ободонӣ заминаи устувор мегузорад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки татбиқи босамари дастуру ҳидоятҳои дар Паём зикршуда аз ҳар як корманди соҳаҳо, фаъолони ҷомеа ва сокинон масъулияти баланд ва саҳми назаррасро талаб менамояд. Иштирокдорон омодагии худро ҷиҳати иҷрои саривақтии вазифаҳои муайянгардида изҳор намуданд.


