Санаи 13 феврали соли 2026 дар Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода вохӯрии навбатӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати муҳими сиёсиву барномавӣ ба шумор рафта, самтҳои асосии рушди минбаъдаи давлат, таҳкими суботи сиёсӣ, пешрафти иқтисодию иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва тақвияти худшиносии миллӣ дар он мушаххас муайян гардидаанд.
Раиси ноҳия вобаста ба вазифаҳои дар Паём гузошташуда, аз ҷумла рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, дастгирии соҳибкорӣ, тақвияти корҳои созандагию ободонӣ ва таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои барномавӣ ба масъулин ва фаъолони ҷамоат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон зикр гардид, ки татбиқи босамари нуктаҳои Паём масъулияти баланди шаҳрвандӣ, ҳамкории зичи сохторҳои давлатӣ ва иштироки фаъоли аҳолиро тақозо менамояд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ иштирокдорон омодагии худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар амалисозии ҳадафҳои стратегӣ ва иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат изҳор доштанд.

