Санаи 8 январи соли 2026 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт Шӯрои занон ва оилаи МИҲД баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини раиси ноҳия Ҷононзода Маҳмадисо, аъзои Шӯрои занон ва масъулони шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД–и ноҳияи Рашт иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:
— фаъолияти шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД–и ноҳияи Рашт ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2026;
— рафти иҷрои бандҳои барномаҳои давлатӣ ва «Стратегияи соҳавӣ»;
— тасдиқи нақшаи кори шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД–и ноҳияи Рашт.
Аз рӯи масъалаи якум масъулини шуъба баромад намуда, оид ба корҳои анҷомёфта ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъда маълумот доданд. Таъкид гардид, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти занон ва оила тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
Ҳамчунин рафти иҷрои барномаҳо ва стратегияҳои соҳавӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, ҷиҳати беҳтар намудани нишондиҳандаҳо пешниҳодҳои мушаххас ироа гардиданд.

