Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОЊИЯИ РАШТ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ИДИЗОДА ЗАРИНА ФУЗАЙЛШО БАХШИДА БА СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2026

Ҳамаи Шумо – мардуми шарифи ноҳияро ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2026 самимона муборакбод мегӯям.
Ба хурду бузурги скинони но
ҳия саломатӣ ва бахту саодат орзу менамоям.
Дар сат
ҳи баланди сиёсию фарҳангӣ баргузории 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар ҷашну маросимҳои миллӣ гувоҳи онанд, ки мардуми ноҳияи Рашт аз сиёсати феълии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пуштибонӣ намуда, баҳри пойдории сулҳу субот, пешрафту шукуфоӣ ва ободии ҷомеа пайваста талош меварзанд.
Соли 2025 бо
ҳама бурду бохташ барои кулли мардуми ноҳияи Рашт соли бобарор ва пур аз файзу комёбӣ буд.
Дар ин давра 9 бинои нави таълим
ӣ, 3 бунгоҳи тиббӣ, 2 китобхона, 2 муассисаи томактабӣ ва бинои нави боғчаи бачагонаи 1 барои 80 нафар кӯдак сохта ба истифода дода шуд.
Ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ тибқи ҳисоботҳои пешакӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 6218 тонна, зироатҳои техникӣ ба 828 тонна, сабзавот ба 13 тонна, картошка ба 62680 тонна ва мева ба 37598 тонна расонида шуд.
Шумораи корхонањои истењсолии но
ҳия ба 36 адад расонида шудааст, ки нисбат ба нишондоди аввали соли ҷорӣ 4 корхона зиёд мебошад.
Барои ноил гардидан ба
ҳадафҳои дар давоми панҷ соли оянда барои рушди мамлакат гузошташуда, бахусус рушди саноат, баланд бардоштани руҳияи мардум ва муташаккилона сафарбар намудани онҳо ба корҳои созандагию бунёдкорӣ нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба амалигардидани корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2022-2026, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидаанд, ки тибқи он бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорону сармоягузорон сохта ба истифода додани 404 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Аз 404 иншооти ба на
қша гирифташуда, 278 тои он сохта мавриди истифода қарор гирифта, дар 106 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Чуноне
ҳамагон хуб огаҳ ҳастед 16 декабри соли равон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.
Сарвари давлат дар Паёми хеш зикр намуд, ки кишвари азизи мо ба марњилаи нави рушд ворид гардида, мардуми шарифи То
ҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда, бо қадамҳои устувор пеш мераванд.
Мо бояд аз хурд то бузург ба
қадри озодиву истиқлол ва ваҳдати миллӣ, ки бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллатанд бирасем, барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани онҳо минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона созем.
Дар охир хо
ҳони он ҳастам, ки соли 2026 барои миллати сарбаланди тоҷик аз пештара дида, хушу гуворо ва саршор аз комёбиву пешравӣ бошад.
Бо
ҳамин ниятҳои нек бори дигар Шумо ва дар симои Шумо тамоми мардуми шарифи ноҳияро ба фарорасии Соли нави мелодии 2026 самимона табрику таҳният гуфта, беҳтарин хушиҳои зиндагиро бароятон тамано менамоем.
Соли наватон муборак,
ҳамдиёрони азиз!