Дастгирии қишри осебпазири ҷомеа амали хайру савоб буда, яке аз фазилатҳои неки ниёгонамон маҳсуб мешавад.
Имрӯзҳо ин амали хайр дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ва ватандӯст ба ҳукми анъана даромадааст.
Вобаста ба ин, дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ҷониби раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ба беморони бемориҳои равонӣ дар минтақаи Рашт ва тарбиятгирандагон мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия туҳфаҳои солинавӣ, аз қабили шириниҳо тақдим карда шуд. Ятимону бепарасторон ва шахсони ниёзманд зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти мамлакат, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Сарвари давлат пайваста ба шахсони яккаву танҳо ва табақаи эҳтиёҷманди мамлакат ғамхорӣ намуда, онҳоро дастгирӣ менамоянд, ки ин яке аз фазилатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад.

