Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт як қатор иншоотҳои гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд.
Аз ҷумла дар Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх Ҳамом, дар Ҷамоати деҳоти Ҷафр Бунгоҳи саломати, дар Ҷамоати деҳоти Қалъанак мумфарш намудани роҳои байнидеҳавӣ ва дар Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода пули мошингузар ва майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Дар ифтитоҳи иншоотҳои мазкур раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ширкат намуда, иқдоми хайрхоҳонаи соҳибкорони муваффақро аз дастуру ҳидояти Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон арзёбӣ намуданд.

