Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Ясман як қатор иншоотҳои гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд.
Аз ҷумла дар деҳаи Ҳисорак Дарвозаи даромадгоҳ, “Корхонаи хурди истеҳсоли сементблок, пенаблок ва сафолак” ва дар деҳаи Воринг Маркази савдои “Абдураҳим”, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Дар ифтитоҳи иншоотҳои мазкур раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ширкат намуда, иқдоми хайрхоҳонаи соҳибкорони муваффақро аз дастуру ҳидояти Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон арзёбӣ намуданд.


