Санаи 17 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33- солагии Иҷлосияи 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу -ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзманд бо иқдом ва ташаббуси раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо бо модаре, ки соҳиби ду фарзанди нимятим дар деҳаи Ҳоити ҷамоати деҳоти Ҳоит зиндагӣ дорад Ҳанифова Гулбарг манзили истиқоматӣ тақдим намуд.
Волидайни фарзандони ниёзманд дар ҷавоб ба ин ғамхории хайрхоҳона миннатдории бепоёни худро ба Пешвои маҳбубамон ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт баён намуданд.

