Хабарҳо

ИФТИТОҲИ ИНШООТҲОИ НАВ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Дар арафаи ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт як қатор иншоотҳои гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд.
Аз ҷумла дар деҳаи Ҳалқафи Ҷамоати деҳоти Навдӣ  Маркази савдои “Сафарбек”,  пули одамгузар ва дар   деҳаи Шулонаки Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх майдончаи варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Дар ифтитоҳи иншоотҳои мазкур раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ширкат намуда, иқдоми хайрхоҳонаи соҳибкорони муваффақро аз дастуру ҳидояти Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон арзёбӣ намуданд.