Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ИФТИТОҲИ ИНШООТИ НАВ ДАР НОҲИЯИ РАШТ

Дар арафаи ҷашни 34- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Ҷамоати деҳоти Тагоба  мағозаи Ашёи Рӯзғор мавриди истифода дода шуд.

Дар ифтитоҳи бинои мазкур раиси ноҳияи Рашт,  узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо ширкат намуда, иқдоми хайрхоҳонаи соҳибкори муваффақро аз дастуру ҳидояти Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон арзёбӣ намуданд.