Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАНТАНАҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

 Санаи 4 сентябри соли ҷори дар Ҷамоати деҳоти Нусрату Махсум ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Раиси ноҳия зимни баромадаш тамоми сокинони ноҳияро ба ҷашни 34 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак гуфта, таманно намуданд, ки дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ иқболу саодат, файзу баракат ва сулҳу ваҳдати ҷовидонӣ доимо ҳукмфармо бошад.

Сипас, як қатор соҳибкорону фаъолони ҷамоатҳоро аз ҷониби раиси ноҳия бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия барномаи рангини фарҳангиро манзури ҳозирин намуданд.