Ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Ба муносибати 34-умин солгарди ин саннаи таърихӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳотии ноҳияи Рашт чорабинии тантанавӣ баргузор мегарданд.
Санаи 2 сентябри соли ҷори тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии мазкур дар ҷамоатҳои деҳоти Ҷафр ва Қалъанак бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Раиси ноҳия зимни баромадаш тамоми сокинони ноҳияро ба ҷашни 34 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак гуфта, таманно намуданд, ки дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ иқболу саодат, файзу баракат ва сулҳу ваҳдати ҷовидонӣ доимо ҳукмфармо бошад.
Сипас, як қатор соҳибкорону фаъолони ҷамоатҳоро аз ҷониби раиси ноҳия бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ҳунармандони шуъбаи фарҳанги ноҳия барномаи рангини фарҳангиро манзури ҳозирин намуданд.