Саннаи 1 сентябри соли 2025 дар Ҷамоати деҳоти ҳоит ва ясманди ноҳияи Рашт чорабинии бошукӯҳи фарҳангиву маърифатӣ таҳти унвони «Шукӯҳи Истиқлол» баргузор гардид.
Дар чорабини мазкур раиси ноҳияи Рашт узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо, роҳбарону ташкилоту муассисаҳои ноҳия, ва сокинони маҳаллӣ ширкат варзида, руҳияи баланди ватандӯстиву истиқлолхоҳиро таҷлил намуданд.
Ҳадафи баргузории чорабинӣ арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими ҳисси ваҳдату ифтихори миллӣ арзёбӣ шуд.
Дар идома, барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маҳаллӣ ва намоиши рақсу сурудҳои миллӣ идома ёфт.