Рӯзҳои 21 то 23-юми июли соли 2025, бо мақсади расонидани мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вохӯрии гурӯҳи корӣ тибқи нақша–чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бо сокинони Ҷамоатҳои шаҳраки Навобод, Қалъанак ва Аскалон баргузор карда шуд.
Баромадкунандагони вохӯри оид ба мазмуну мӯҳтавои Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон“, тақлиди фарҳанги бегона, пешгирии худкуши, худсузӣ ва хариду фурӯши одамон, муқовимат вобаста ба савдои одамон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон шарҳу тавзеҳ доданд.
Инчунин пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, таблиғу ташвиқи китобхониву китобдӯстӣ ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кудак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ва ҷалби сокинон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, суханронӣ намуданд.