ЗАРИНА ИДИЗОДА: “219 ИНШООТ ДАР РАШТ БА ИСТИФОДА
ДОДА ШУД”
Дар ноҳияи Рашт ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 307 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 219-тои он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар 88 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.
Ин нуктаро зикр кард Идизода Зарина Фузайлшо, раиси ноҳияи Рашт, зимни нишасти матбуотӣ бо хабарнигорони расонаҳои кишвар.
Ба гуфтаи мавсуф вобаста ба амалишавии Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2021-2025 боз 256 иншооти дигар бунёд хоҳад ёфт. Танҳо дар соҳаҳои маориф 39 бинои муассисаи таълимӣ, тандурустӣ 15 бинои беморхонаву маркази саломатӣ ва варзиш 34 толору майдонҳои варзишӣ сохта мешаванд.
Заминларзаи шадиде, ки 11-уми апрел дар ин минтақа ба вуқуъ пайваст, хисороти зиёд ба бор овард. Дар 11 деҳаи деҳоти Ҳиҷборак ва Аскалон 150 хонаи истиқоматӣ осеб дидааст. Аз ҷумла, 34 хона пурра ва 116 хона қисман вайрон шуда, ба 134 хонаи истиқоматию 59 бинои ёрирасон зарари сабук расидааст.
Аз тарафи Ҳукумати мамлакат ва вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ 34 хонаи истиқоматие, ки пурра вайрон шудаанд, биноҳои истиқоматии нав бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ сохта мешаванд.
Ба 116 хонаи истиқоматии қисман вайроншуда маводи сохтмонӣ аз тарафи Ҳукумати мамлакат пурра дастрас шуда, аз ҷониби соҳибхонаҳо ва аҳолии ноҳия тариқи ҳашар биноҳои нав қад меафрозанд. Ба 193 оилае, ки зарари сабук дидааст, 2 маротиба маблағ ва маводи хӯрока аз тарафи Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ расонда шуд.
Вобаста ба ин, бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зарардидагон дар маҷмуъ, 150 хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароитҳо сохта мешавад.