Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ИҶЛОСИЯИ  ДУЮМ (ДАЪВАТИ ҲАФТУМ)-И МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ РАШТ.

Санаи 8 июли соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иҷлосияи дуюм (даъвати ҳафтум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид.
Иҷлосияро раиси ноҳияи Рашт, вакил аз ҳавзаи интихоботии Қазноқ 5 Идизода Зарина Фузайлшо раисӣ намуд.
Ба рӯзномаи иҷлосияи дуюми (даъвати ҳафтум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт барои баррасӣ масъалаҳои зерин пешниҳод карда шудаанд:
Рафти иҷрои “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2021-2025 (Ахбороти муовини якуми раиси ноҳияи Рашт, вакил аз ҳавзаи интихоботии Шул, 4. Шарифзода. Ҳ.Ҳ
Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кудак”, дар ноҳияи Рашт (Ахбороти муовини раиси ноҳияи Рашт, вакил аз ҳавзаи интихоботии Қулло, №26 Ҷононзода М.Ю.)
Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, вакил аз ҳавзаи интихоботии Сомониён, 3. Рустамова Фарзона .
Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо дар нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳияи Рашт барои соли 2025
Дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Рашт, ки дар байни иҷлосияҳо қабул карда шудаанд. (Ахбороти роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Мирзоев Ҳ).
Масъалаҳои мавриди назар аз ҷониби вакилон баррасӣ шуда, нисбати онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардид.