Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ 28-СОЛАГИИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ 

  Ҳар сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.  Ба муносибати 28-умин солгарди ин саннаи таърихӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳотии ноҳияи Рашт чорабинии тантанавӣ баргузор мегарданд.

  Саннаи 18 июни соли 2025  тибқи нақшаи чорабиниҳои  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии мазкур дар ҷамоатҳои деҳоти Оби меҳнат ва Тагоба бо иштироки  Раиси ноҳияи Рашт узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо бо шукуҳу шаҳомати хоса  баргузор гардид.
Раиси но
ҳия  зимни   баромадаш тамоми сокинони ноҳияро ба ҷашни 28 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак гуфта, таманно намуданд, ки дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ иқболу саодат, файзу баракат ва сулҳу ваҳдати ҷовидонӣ доимо ҳукмфармо бошад.

    Сипас, як қатор соҳибкорону  фаъолони  ҷамоатҳоро аз ҷониби раиси ноҳия  бо туҳфаҳо  қадрдонӣ гардиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ҳунармандони шуъбаи  фарҳанги ноҳия барномаи рангини фарҳангиро манзури ҳозирин намуданд.