31 майи соли равон дар толори кохи фарҳанги ноҳияи Рашт таҳти роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони сохторҳои энергетикии ҷумҳурӣ ва минтақаи Рашт, раисони шаҳру ноҳияҳои минтақаи мазкур ва фаъолону кормандони шабакаҳои барқи минтақа ҷаласаи 7-уми комиссияи корӣ оид ба истифодаи ғайриқонунӣ ва ғайримақсадноки неруи барқ дар филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ-минтақаи Рашт баргузор гардид.
Вохӯриро раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Зарина Фузайлшо кушода, аҳли нишастро хайрамақдам гуфта, роҷеъ ба вазъи истифодаи мақсадноки неруи барқ дар ноҳияи Рашт ба тафсил ҳарф зад.
Дар ин вохӯрӣ иброз гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 15-уми апрели соли 2025 дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд, ки ҳадафи асосии ворид намудани тағйир ба моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова гардидани моддаи нав – моддаи 2531 пешгирии дахолати беасос ба таҷҳизоти ҳисоби неруи барқ ва вайронкуниҳои қоидаву меъёрҳои истифодаи қувваи барқ мебошад.
Муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимзода Сарвар риштаи суханро ба даст гирифта, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро шарҳу тафсир намуда, зикр намуд, ки сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ ва истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва нақши ҳар яки мо дар таъмини кори муназзами энергетикии мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи таъминоти нерӯи барқ мебошад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ҳисси маърифатнокӣ аз неруи барқи мавҷуда, ки норасоии он хусусияти мавсимию муваққатӣ дорад, сарфакорона истифода намоем. Истифодаи босамару сарфаҷӯёнаи неруи барқ натанҳо ба рушди босуботи иқтисодии оила ва давлат муосидат менамояд.
Ҳамчунин, директори Агентии назорати давлатии энергетикаи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикстон Сорбон Холмаҳмадзода, муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нозим Иброҳимзода, директори генералии ҶСК Шабакаҳои тақсимоти барқ Г. Арвиндер ва боз чанде дигарон роҷеъ ба маоили баррасишавнда ҳарф зада, ба муовини Сарвазири мамлакат гузориш ироа намуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода оид ба бартараф намудани мушкилоти истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани тамғаҳои (пломбаҳои) муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ ба кормандони шабакаҳои барқи минтақа, раисони шаҳру ноҳияҳои минтақа ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастуру супоришҳои мушахас дод.
Ҷаласаи мазкурро раиси ноҳияи Рашт Зарина Идизода рукни интиҳо бахшид.