Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

ТАНТАНАИ ФУТБОЛ ДАР НОҲИЯИ РАШТ 

     Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати варзишпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи  Рӯзи ҷавонони  Тоҷикистон ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии Футбол бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия фестивал ва мусобиқаи варзишии футбол баргузор гардид.

   Дар кушодашавии фестивал ва мусобиқаи варзишии футбол Раиси ноҳияи Рашт Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Идизода Зарина Фузайлшоишитрок намуданд. Зимни суханронӣ  раиси ноҳия таъкид дошт, ки мақсад аз баргузории фестивал ва мусобиқаи варзишии футбол ин пеш аз ҳама тарғибу ташвиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вижа Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди соҳаи варзиш ва ҷонибдорӣ аз иқдоми байналмилалии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар робита ба эълон кардани Рӯзи ҷаҳонии футбол мебошад.

      Ҳамин аст, ки таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат ба ҷавонони варзишгар ниҳоят зиёд буда, хушбахтона барои боз ҳам рушд намудани соҳаи футболи кишвар Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қатънома дар бораи эълон кардани Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки онро Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ пешниҳод намуд, қабул кард.

     Ёдовар мешавем, ки дар ин рӯз мусобиқаи варзишии  байни дастаҳои донишҷӯдухтарони Донишкадаи Омӯзгори Тоҷикистон  дар ноҳияи Рашт ва Коллеҷи тиббии ноҳия  бозии футболи хурд баргузор гардид.
Дар
ҷамбасти  мусобиқа дастаҳои ғолиб  бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроия ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия  сарфароз гардонида шуданд.