Санаи 19 майи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки Раиси ноҳияи Рашт, сардорони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони муассисаву ташкилотҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 17 майи соли равон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар Семинар–машварати ҷумҳуриявии кишоварзон мулоқот бо фаъолон иброз доштанд, маҷлиси васеъ баргузор гардид.
Раиси ноҳияи Рашт, Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо таҳлилҳои Роҳбари давлатро вобаста ба масъалаҳои марбут ба таъмини фаъолияти мунтазами бахшҳо, боло бурдани самаранокии истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳи маданияти истифодаи замину об, инчунин, вазъи корҳои созандагиву ободони ноҳияро баррасӣ намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Вобаста ба нокифоя будани ҳаҷми пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби ташкилоти қарзӣ масъулин супориш гирифтанд, ки барои таъмин намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуҳлат, махсусан, дар соҳаи кишоварзӣ, саноат ва дигар бахшҳои хоҷагии халқ чораҳои амалӣ андешанд.