Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

РӮЗИ  БАЙНАЛМИЛАЛИИ  ОИЛА   

Имрӯз 15 майи соли 2025 дар Чойхонаи «болои оби»-и  шаҳраки Ғарм ҷашни  байналмилалии Рӯзи оила бо иштироки раиси ноҳияи Рашт  узви  Маҷлиси  миллӣ  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Идизода Зарина Фузайлшо дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор гардид.
Дар о
ғози чорабинӣ Идизода Зарина Фузайлшо ва ҳамроҳонаш аз дастовардҳои ба намоиш гузоштаи ҳунармандони ноҳия, аз қабили ҳунарҳои мардумӣ дидан намуданд.
Чорабинии тантанавиро ба ин муносибат мудири бахши сабти асноди
ҳолати шаҳрвандии ноҳия  Файзуллозода Манзура кушода,  ҳозиринро табрик гуфт.
Раиси ноҳия номаи шодбошии худро ироа намуда, ба чанд оилаи намунавӣ, оилаҳои ҷавон ва кӯдакони оилаҳои ниёзманд туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаву ифтихорномаҳо тақдим кард.
Аз тарафи Бахши сабти асноди
ҳолати шаҳрвандии ноҳия ба якчанд оилаҳои навтаъсисдодашуда шаҳодатнома дар бораи ақди никоҳ ва ба кӯдакони навтаваллудшуда шаҳодатнома дар бораи таваллуд тариқи ройгон дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки
Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи  Генералии СММ эълон гардидааст, ҳамасола санаи 15-уми май таҷлил мегардад. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-умро «Соли оила» эълон намуда буданд.
Дар фарҷоми чорабинии мазкур ҳанармандони бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ манзури ҳозирин намуданд.