Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати татбиқи барномаҳои рушди фарҳанги миллӣ, дар ноҳияи Рашт намоишномаи Театри Давлатии Академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ таҳти унвони «Баъди мурдан хоҳ биё хоҳ наё» ба саҳна гузошта шуд.
Намоиш дар толори қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардида, ҳунарнамоии ҳайати эҷодии театр бо истиқболи гарм ва эҳсоси баланди ватандӯстиву маънавият пазируфта шуд.
Ин иқдом дар заминаи густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, боло бурдани маърифати фарҳангии ҷомеа ва ташаккули ҳувияти миллӣ саҳми арзанда мегузорад. Намоишнома, ки дорои паёми амиқи ахлоқиву иҷтимоӣ мебошад, тамошобинонро ба андеша ва худшиносии бештар даъват намуд.