Санаи 12 марти соли 2025 дар иҷлосияи якум (даъвати ҳафтум)-и Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт, яке аз масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия пешбарии номзад ба аъзои Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рашт бо тариқи овоздиҳии пинҳонӣ номзадии раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшоро ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона пешбарӣ намуданд.
Интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2025 дар пойтахти кишвар баргузор мегардад ва дар он 35 нафар вакилони халқи ноҳияи Рашт иштирок менамоянд.