Маориф Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

БОЗДИДИ РАИСИ НОҲИЯ АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА ҲАВЗАҲОИ ИНТИХОБОТӢ

Санаи 21 январи соли 2025 раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо  аз вазъи муассисаҳои таълимии №1 шаҳраки Ғарм ва №2 деҳаи Шули Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум ва ҳавзаҳои интихоботии маҳалҳои мазкур ҷиҳати омодагии онҳо ба интихоботи дарпешистодаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳалии вакилони халқ дидан намуда, ҷиҳати иҷрои нишондодҳое, ки дар паёми Президенти мамлакат 28 декабри соли 2024зикр гардидаанд ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушахас дод.
Аз
ҷумла гуфта шуд, ки омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хонандагон, сари вақт ҳозиршавии хонандагон ба машғулиятҳо ва дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия намудани насли наврас  бояд саҳмгузор бошанд.
Омодагии ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ низ мавриди назар қарор дода шуданд.