Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди зиёд намудани майдонҳои кишти картошка дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия мавсими кишт бо суръат идома дорад. Имрӯзҳо дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ҳоит, деҳқонон ба кишти картошка оғоз намуданд.
Бо супориши раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо ҷиҳати сари вақт таъмин намудани хоҷагиҳо дар навбати худ бо истифода аз трактор ва дигар техникаҳои кишоварзӣ ба шудгори замин ва кишти картошка дар доманакӯҳҳо оғоз намуданд. Деҳқонони ноҳияи Рашт дар баробари кишти дигар зироатҳои кишоварзӣ, ҳамасола барои парвариш ва истеҳсоли картошкаи хушсифат заҳмат кашида, имсол низ мақсад доранд бо иҷрои саривақтии нақша, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад, саҳми муносиби худро гузоранд.