Бисёр ҳолатҳое мешуданд, ки шахси беморро шабона ба беморхона меоварданду бинобар баста будани дорухонаҳо пайдо намудани дорувории лозима барои беморон моне эҷод мекард.
Барои ҳалли ин мушкилот раиси ноҳияи Рашт Идизода Зарина Фузайлшо бо мудирони дорухонаҳои дар маркази ноҳия фаъолиятдошта вохӯрӣ намуда, (24.04.2024 ) ба онҳо дастур дода шуд, ки дар 15 дорухонаи гирду атрофи беморхона аз рӯи нақшаи муайян навбатдории шабонарӯзии дорухонаҳо ташкил карда шавад.
Чунини иқдоми хайрхоҳона дар аз байн бурдани мушкилоти беморон мусоидат хоҳад намуд