Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

НАВРӮЗИ ДЕҲОТИ ҶАФР НОҲИЯИ РАШТ

Наврӯз, ки дар сарнавишти миллати мо ва тамоми меросбарони ин ганҷинаи бебаҳои бостонӣ нақши барҷаста дорад, ҳамчун падидаи нотакрори фарҳангиву тамаддунии дар айни замон ҷаҳонишуда тайи ҳазорсолаҳо инсонҳоро ба таҳаммулгароиву ҳамдигарфањмӣ, ваҳдату дўстӣ, созандагиву офарандагӣ, дўст доштани ҳаёт ва табиат ҳидоят кардааст.
Зери шиори Наврӯз – ҷашни иттиҳоду ваҳдат дар Ҷамоати деҳоти Ҷафр (деҳаҳои Нимич ва Ҷафр) -и ноҳияи Рашт иди байналмилалии Наврӯз бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дастгоҳи ҷамоати деҳот, фаъолон, пирони рӯзгордидаи ҳудуди деҳот ва иштироки васеи мардуми маҳал бо шукӯҳу шаҳомати тоза таҷлил гардид.