9-уми марти соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот карданд.
Бинобар сабаби маҳдудияти қувваи барқ на ҳама сокинони кишвар имкони тамошои ин суханрониро доштанд.
Шоми 14 март бо фароҳам омадани шароити мусоид сокинони ноҳияи Рашт дар ҳама гӯшаю канори ноҳия, аз ҷумла чойхона фароғатгоҳ, хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ баромади пурмуҳтавои Пешвои муаззами милатро, ки асли онро амалӣ намудани арзишҳои миллӣ ва динӣ дар бар мегирад бо шавқи зиёд тамошо намуданд.