Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешравии ҷомеа ва тарбияи насли солимро аз баракати модарон медонад ва доим таъкид менамояд, ки нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд аст.
Воқеан, модар ба ҳар ситоише сазовору ба ҳар эҳтироме лоиқ аст. Ӯ офаридгори заминиест, ки мо фарзандон аз доманаш по ба олами ҳастӣ гузоштему бо исми руҳафзояш ҳангоми мушкиливу сахтӣ ва хушбахтиву хурсандӣ қалби худро таскин мебахшем.
Модар аст, ки бо дастҳои пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш карда, қалби покаш ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат дар тапиш аст.
Пешвои муаззами миллат бамаврид изҳор доштанд, ки: «Тамоми таърихи инсоният маҳсули офаридгори зан – модар аст. Бузургтарин шахсиятҳои таърих, арбобони таъриху сиёсат, илму фарҳанг адабиёту ҳунар тарбиятдидаву парваридаи модаранд. Агар гардишу ҷараёнҳо, бурду бохт, арзишу дастовардҳои таърихи инсоният бо ному фаъолият ва мероси онҳо алоқаманд бошад, пас дар ин корномаи башарият мақом ва манзалати зан – модар аз ҳама волотар аст».
Хушбахтона, дар саросари мамлакат ҳамасола 8 март ҳамчун Рӯзи модар васеъ ва бо шукӯҳи хос, ба хотири арҷгузорӣ ба бузургии зан – модар таҷлил мегардад. Ин иқдоми наҷиб аз хислатҳои ҳамидаи инсондӯстӣ ва қадршиносии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба олиҳаи зиндагӣ, яъне модар сарчашма мегирад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ бо эҳтимоми бевоситаи Президенти мамлакатамон мақоми зан дар ҷомеа ҷойгоҳи шоиста дарёфт. Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва идоракунии давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мусоидат намуданд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” намунаи олии чунин қадршиносию баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад.
Натиҷаи чунин ғамхориву дастгирии давлат ва Ҳукумат аст, ки ҳоло Тоҷикистон, бино ба эътирофи коршиносон, аз лиҳози шумораи намояндагони бонувону духтарон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад. Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар имрӯзҳо бонуи тоҷик роҳбари кордон, донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва тарбиятгару омӯзгори меҳрубон аст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳияи Рашт дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри соҳибкасб намудану ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб кардани бонувон ҳамвора тадбирҳои судманд амалӣ менамояд.
Боиси қаноатмандист, ки занон чун бунёдкорони имрӯзу фардои ҷомеа мавқеи хешро дар ноҳия пайдо намудаанд.
Ҳоло шумораи умумии занон ба 68 ҳазору 672 нафар расида, 35 ҳазору 893 нафарашон қувваи қобили меҳнат мебошанд.
Татбиқи барномаи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ду давра мувофиқи матлаб роҳандозӣ гардидааст. Таъсиси Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба ин масъала низ мусоидат мекунад. Аз тарафи шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар мавзӯъҳои «Нақши занон дар идоракунии давлат», «Зани роҳбар», «Занонро неруи тавонои роҳбарӣ мебояд» бо донишҷӯдухтарони донишкадаи мазкур ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбию миёнаи умумии ҳудуди ноҳия пайваста семинару вохӯриҳо баргузор мегардад.
Хушбахтона, сафи донишҷӯдухтарон дар ноҳия хеле афзудааст.
Масъалаи соҳибкасб намудану ба ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани занони хонанишин дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти ноҳия қарор дорад. Ҳамасола дар филиали муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Рашт бонувони зиёде ҳунарҳои дӯзандагӣ, адрасбофӣ, сабзавоткорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва асосҳои омӯзиши компютериро меомӯзанд.
Яке аз масъалаҳои мубрам, ки боиси нигаронист, ин пошхӯрии оилаҳои ҷавон аст. Солимии оила солимии ҷомеа мебошад. Вайроншавии оилаҳои ҷавон бештар дар натиҷаи паст будани маърифати оиладории онҳо, бекорӣ ва сатҳи пасти зиндагӣ рух медиҳад. Аз ин рӯ, баҳри баланд бардоштани маърифати оиладорӣ дар байни ҷавонон, аз ҷумла духтарон кор бурдан аз манфиат холӣ нест.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба масъалаи дастгирии занон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда аст. Ин иқдоми наҷибонаи Роҳбари давлатамон барои дастгирии бонувон заминаҳои боз ҳам хубтар фароҳам оварда, ба фаро гирифтани бонувон ба ҷойи кор ва таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ мусоидат хоҳад кард. Итминон дорам, ки бо ин ҳамаи имтиёзҳои наве, ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дода шудааст, сафи бонувони ҳунарманд ва донишвар меафзояд ва зиндагии онҳо ба ин васила низ ранги тоза мегирад.
Таҷлили Рӯзи модар, ки ба оғози фасли эҳёи табиату шукуфоӣ рост омада, мужда аз фасли нозанини сол овардааст, ҳамаи занону модарони ноҳияро шодбош гуфта, тансиҳатию хонаободӣ, рӯзгори орому осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро барояшон таманно менамоям.