Боиси сарфарозист, ки имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик дар фазои муътадили сиёсӣ ва сулҳу амнияти пойдор, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи пешрафта бо азми қавӣ қадамҳои матину устувор мегузоранд.
Мардуми меҳнатдӯсти ноҳияи Рашт низ, бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, бо дарки баланди масъулият фаъолияти худро ҷиҳати саҳмгузорӣ намудан дар рушду нумуи Ватани биҳиштосоямон равона намудаанд.
Ин аст, ки ноҳияи Рашт дар баробари дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ободу зебо гардида, сатҳи некуаҳволии мардум боло меравад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади таъмини иҷрои талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои амалӣ меандешад.
Таҳлили натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар ёздаҳ моҳи соли 2023 гувоҳи он аст, ки меҳнаткашони ноҳия дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллатро дар ҳаёт татбиқ намуда, ҷиҳати ба даст овардани нишондиҳандаҳои назаррас саъю кӯшиш намуда истодаанд.
Иҷрои буҷет
Дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2023 нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии ноҳия (бо назардошти маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ) ба андозаи 101,9 фоиз иҷро шуда, ба буҷет ба ҷои 93 миллиону 165 ҳазор сомонӣ, 94 миллиону 967 ҳазор сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати нақша ба маблағи 1 миллиону 802 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра аз ҳисоби даромадҳои худӣ нақшаи воридоти андозҳо ба андозаи 108,5 фоиз иҷро шуда, ба буҷет ба ҷойи 31 миллиону 829 ҳазор сомонӣ, 34 миллиону 309 ҳазор сомонӣ дохил гардидааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 2 миллиону 479 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 994 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Воридоти маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ дар ин давра ба ҷои 57 миллиону 500 ҳазор сомонии нақша 56 миллиону 608 ҳазор сомонӣ мебошад, ки ин 98,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, бояд тазаккур дод, ки уҳдадориҳои андозӣ дар ноҳия (нақшаи қисми даромадҳои худӣ бо андози иҷтимоии ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ) ба ҷойи 39 миллиону 146 ҳазор сомонии нақша, 41 миллиону 446 ҳазор сомонӣ иҷро карда шудааст, ки 106 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбати нақша ба маблағи 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Иҷроиши нақшаи воридоти андозҳо бо андози иҷтимоии ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ба ҷойи 57 миллиону 157 ҳазор сомонӣ, ба андозаи 58 миллиону 906 ҳазор сомонӣ ё 103,1 фоиз таъмин карда шудааст, ки нисбати нақша 1 миллиону 748 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Бақияпулиҳои андоз ба ҳолати 01 декабри соли ҷорӣ 138 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли равон 9532 сомонӣ кам карда шудааст.
Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллии ноҳия дар ёздаҳ моҳи соли равон 95 миллиону 511 ҳазор сомониро ташкил дода, дар ҳаҷми 92 миллиону 251 ҳазор сомонӣ ё 96,6 фоиз иҷро гардидааст.
Дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии ноҳия аз ҳисоби пардохти музди меҳнат қарздорӣ мавҷуд нест.
Дар ёздаҳ моҳи соли 2023 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот дар ноҳия 987 миллиону 468 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 121 миллиону 732 ҳазор сомонӣ ё 14 фоиз зиёд мебошад.
Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Дар ёздаҳ моҳи соли 2023, дар ноҳия 126 нафар соҳибкорон тибқи шаҳодатномаи муқарарӣ, 535 нафар тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус, 353 нафар соҳибкорон тибқи патент ва 2823 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият намудаанд.
Ҳамаи соҳибкорони инфиродӣ 3837 нафар буда, аз ин 142 нафар занон фаъолият доранд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8 нафар зиёд мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ дар ноҳия ба маблағи 43 миллиону 653 ҳазор сомонӣ қарзҳо дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 ба маблағи 20 миллиону 216 ҳазор сомонӣ ё 86,3 фоиз зиёд мебошад.
Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ ба 65 миллиону 510 ҳазор сомонӣ баробар мебошад, ки нисбати нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиону 900 ҳазор сомонӣ ё 3 фоиз зиёд мебошад.
Татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ
Дар ноҳия аз ҷониби Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи “Чорводорӣ ва чарогоҳ” амалисозии лоиҳаи сармоягузории “Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа” идома дошта, ба 65 мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии ноҳия ба маблағи 3 миллиону 461 ҳазор доллари ИМА ба миқдори 389 адад техника ва мошинолотҳои кишоварзӣ, 1440 оилаи занбӯри асал, 640 сар мурғи марҷон, 47 сар чорвои калон ва 42 сар чорвоҳои хурди зотӣ таъмин карда шуда, сохтмони 20 адад хатҳои оби нушокӣ ва полезӣ амалӣ шуда истодаанд.
Аз ҷониби Ташкилоти хайриявии “Тоҷикистон” сохтмони биноҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 22-и деҳаи Ҳоит ва № 39-и деҳаи Воринг, таваллудхона дар назди беморхонаи минтақавии Ҳоит ва бинои нави дуошёна дар назди беморхонаи минтақавии шаҳраки Навобод ба анҷом расонида шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд.
Инчунин, дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби маблағгузории Бонки Осиёгии Рушд сохтмони бинои Маркази модару кӯдак ва таъмири асосии биноҳои Беморхонаи марказӣ ва муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия бомаром идома дорад.
Кишоварзӣ, истифодабарии замин ва ҳолати мелиоративии заминҳо
Дар ёздаҳ моҳи соли 2023 дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 690 миллиону 396 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 72 миллиону 998 ҳазор сомонӣ сомонӣ ё 11,8 фоиз зиёд мебошад.
Дар ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ҳаҷми истеҳсоли картошка 51115 тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 9020 тонна ё 21,4 фоиз зиёд, мева 27996 тонна, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2786 тонна ё 11,1 фоиз зиёд, сабзавот 12876 тонна, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2929 тонна ё 29,5 фоиз зиёд, гӯшт 3608 тонна, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 354,8 тонна ё 10,9 фоиз зиёд, шир 11425 тонна, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3933 тонна ё 52,5 фоиз зиёд, тухм 9 миллиону 768 ҳазор дона, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 125 ҳазор дона ё 1,3 фоиз зиёд, асал 538 тонна, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,5 тонна ё 2 фоиз зиёд мебошад.
Аз ҷониби кишоварзони ноҳия соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 2281 гектар кишти ғалладонагӣ, зиёда аз 3414 гектар картошка, 635 гектар сабзавот ва 357 гектар зироатҳои равғандор гузаронида шуд, ки нисбати нақша-дурнамо майдони кишти ғалладонагӣ 132,6 гектар, картошка 52 гектар ва сабзавот 159 гектар зиёд мебошад.
Нақшаи кишти картошка дар сохтори кишоварзии ноҳия 1500 гектарро ташкил дода, кишоварзон дар майдони зиёда аз 1570 гектар кишти картошка гузаронанд, ки 104,7 фоизи нақша-дурнаморо ташкил медиҳад.
Аз ҷониби аҳолӣ бошад, дар майдони 1844 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104 гектар зиёд мебошад.
Майдони боғот дар ноҳия 5173 гектарро ташкил намуда, майдони боғҳои ҳосилдеҳ 4914 гектар мебошад. Бунёди боғҳои нав дар соли 2023 дар майдони 17,5 гектар ба нақша гирифта шуда, иҷроиши нақша пурра ва барзиёд таъмин карда шуд.
Дар ноҳия шумораи чорвои калони шохдор 104391 сар ва чорвои майда 272894 саро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, чорвои калони шохдор 6471 ва чорвои майда 41521 сар зиёд мебошад.
Саноат ва энергетика
Дар ноҳия, дар давоми 11 моҳи соли 2023 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 67 миллиону 743 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 миллиону 644 ҳазор сомонӣ ё 25,2 фоиз зиёд аст.
Бо мақсади амалӣ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 06 январи соли 2022 “Дар бораи солҳои рушди саноат эълон намудани солҳои 2022-2026” нақшаи чорабиниҳо таҳия карда шудааст, ки тибқи он бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд дар солҳои 2022-2026 бо назардошти мавҷудияти ашёи хом бунёди 21 адад, аз ҷумла дар соли 2023 таъсиси 5 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар назар дошта шудааст.
Шумораи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии ноҳия ба ҳолати 01 декабри соли ҷорӣ ба 30 адад расонида шудааст, ки нисбат ба нишондоди соли гузашта 10 адад зиёд мебошад.
Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва рӯзномаи ноҳиявии „Оинаи Рашт“ нимаи дуюми соли гузашта таҷҳизоти калонҳаҷми чопӣ дастрас карда шуда, фаъолияти КВД Матбааи ноҳия роҳандозӣ карда шуд, ки дар давоми 11-моҳи соли ҷорӣ фаъолияти хуби истеҳсолӣ намуд.
Дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи технопарк дар ноҳияи Рашт таҳия шудааст, ки вобаста ба мавҷудияти манбаҳои ашёи хом ва коркарди онҳо, бунёди корхонаҳои гуногун дар назар дошта шудааст. Лоиҳаи мазкур ба сармоягузорони дохилию хориҷӣ барои дастгирӣ пешниҳод карда мешавад.
Дар давоми 11 моҳи соли 2023 дар ноҳия дар ҳаҷми 65,3 миллиону кВт/с қувваи барқ истифода шуда, маблағи қувваи барқи истифодашуда 16 миллиону 693 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Пардохти маблағи барқ ба ҳолати 01 декабри соли ҷорӣ 16 миллиону 742 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки 100,3 фоизи маблағи барқи истифодашударо дар бар гирифта, нисбати нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 6,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Аз ҳисоби аҳолӣ бошад, ба маблағи 9 миллиону 452 ҳазор сомонӣ қувваи барқ истифода шуда, пардохти он дар ин давра 9 миллиону 524 ҳазор сомониро дар бар мегирад, ки 101 фоизро ташкил медиҳад.
Сохтмон ва меъморӣ
Ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои дар давоми панҷ соли оянда барои рушди мамлакат гузошташуда, бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, махсусан дар деҳот, бо назардошти афзоиши аҳолӣ, зиёд шудани талабот ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва манзилҳои истиқоматӣ, ба воситаи ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ бартараф намудани мушкилоту камбудиҳои дар маҳалҳо ҷойдошта, аз ҷумла бештар ҷалб намудани соҳибкорону аҳолӣ ба корҳои ободонию бунёдкорӣ, корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ идома дошта, дар ин замина тибқи қарорҳои раиси ноҳия аз 03 марти соли 2022, № 123 ва аз 01 майи соли 2023, № 219 шумораи иншоотҳои бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдшаванда ба 275 адад расонида шудааст, ки барои баланд бардоштани сатҳи кору хизматрасонӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ пешбинӣ гардидаанд.
Яъне бо мақсади зиёдтар ҷалб намудани соҳибкорону аҳолӣ ба корҳои ободонию бунёдкорӣ корҳои таблиғотиву фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардида, дар ин замина 72 адад иншоотҳои иловагии бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдшаванда ба нақшаи қаблӣ илова карда шуданд.
Аз 275 иншооти ба нақша гирифташуда 36 иншоот ба соҳаи маориф, 13 иншоот ба соҳаи тандурустӣ, 10 иншоот ба соҳаи фарҳанг, 29 иншоот ба соҳаи варзиш, 17 лоиҳаи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, 2 бинои маъмурӣ, 2 бинои истиқоматӣ, 12 лоиҳаи таъмир ва дар масофаи 14,9 километр мумфарш намудани роҳҳо, 3 пули мошингузар, 18 хати оби нӯшокӣ ва 13 чоҳи амудӣ, 6 иншооти соҳаи сайёҳӣ, 5 иншоот соҳаи барқтаъминкунӣ, 66 иншооти соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, 7 ҳавзи моҳипарварӣ, 3 фермаи мурғпарварӣ, 1 фермаи чорводорӣ, 1 сардхона ва 28 адад иншоотҳои таъиноти дигари хизматрасониро ташкил медиҳанд.
Аз шумораи иншоотҳои зикргардида дар давоми соли 2022 ва 11 моҳи соли равон 124 адад иншоотҳои таъиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шудаанд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои ҷашни 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ – 11 иншоот, дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ – 37 иншоот, Ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ – 3 иншоот, Рӯзи парчами миллӣ – 3 иншоот, арафаи ҷашни “Наврӯз-2023” – 10 иншоот, 26-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ – 24 иншоот, таҷлили 32-солагии Истиқлоли давлатӣ – 28 иншоот ва 31-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ – 8 иншооти таъиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Аз 124 иншооти мавриди истифода қарор додашуда 91 иншоот аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ, 6 иншоот аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, 5 иншоот аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳмгузории аҳолӣ, 17 иншоот аз ҳисоби шарикони рушд ва 1 иншоот аз ҳисоби ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ мебошанд.
Бояд тазаккур дод, ки саҳми соҳибкорон ва аҳолии ноҳия дар иҷрои корҳои ободонию созандагӣ назаррас буда, тибқи нақша аз шумораи умумии 275 иншоот, 228 иншоотҳои таъиноти гуногун аз ҷониби бахши хусусӣ сохта, мавриди истифода қарор дода мешавад, ки 83 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, дар ин раванд дар ҳамкорӣ бо аҳолӣ корҳои ободонию созандагӣ, гулшинонию ниҳолшинонӣ, тозаю озода кардани кӯчаю хиёбонҳо, рангубор намудани намои биноҳои ҷамъиятиву хусусӣ мунтазам роҳандозӣ карда мешаванд. Дар 102 иншоотҳои дигар корҳои сохтмону ободонӣ тибқи нақша идома дошта, дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода супорида мешаванд.
Ҳаҷми корҳои сохтмонии дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2023 иҷрошуда 57 миллиону 394 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 28 миллиону 944 ҳазор сомонӣ ё 98 фоиз зиёд мебошад.
Ҷиҳати риояи қоидаву меъёрҳои шаҳрсозию сохтмон ва истифодаи васеи суннату унсурҳои меъмории миллӣ дар таҳияи нақшаи бунёди иншоотҳо дар шаҳраку деҳоти ноҳия, дар ҳамкорӣ бо масъулин ва сохторҳои Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ, бо истифода аз фаъолияти Корхонаи фаръии Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и ноҳияи Рашт лоиҳаи иншоотҳо таҳия ва тасдиқ карда шуда, тибқи он амалӣ карда мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки сохтмони бинову иншоотҳо дар маркази ноҳия тибқи нақшаи генералӣ бо назардошти биноҳои истиқоматии баландошёна ва бо ба инобат гирифтани талабот дар маҳалҳо сохтмони муассисаи таълимӣ, боғчаҳои кӯдакон, марказҳои саломатӣ ва дигар инфрасохтори иҷтимоиву коммуникатсонӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Айни замон дар маркази ноҳия сохтмони 6 адад биноҳои баландошёна идома дошта, дар оянда низ тибқи нақшаи генералии шаҳраки Ғарм ин иқдом марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад.
Нақлиёт
Дар ноҳия ду муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, КВД “Хизматрасонии нақлиётӣ” ва ду терминали мусофиркашонӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2023 дар ноҳия ба миқдори 1090 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ кашонида шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 17,2 ҳазор тонна ё 1,6 фоиз зиёд мебошад.
Ҳаҷми мусофиркашонӣ 837,8 ҳазор нафар мусофирро ташкил дода, нисбати нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 68,4 ҳазор мусофир ё 8,9 фоиз зиёд аст.
Мавриди зикр аст, ки соли 2022 бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ноҳия ду адад воситаҳои нақлиёти боркашонӣ барои хизматрасонии коммуналӣ ва ду адад воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ ворид карда шуданд, ки ҷиҳати беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар ин самтҳо мусоидат менамояд.
Инчунин, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт барои КВД “Хизматрасонии нақлиётӣ” автобуси хурди мусофиркашонӣ харидорӣ карда шуд, ки ҷиҳати хубтар намудани сатҳу сифати хизмати мусофиркашонӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.
Аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолии ноҳия ба масъалаи беҳгардонии сатҳу сифати роҳҳои автомобилгард аҳамияти хоса зоҳир гардида, дар давоми 11 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 15,5 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру азнавсозӣ ва мумфарш карда шуда, дар шафати онҳо новаҳои обпарто насб гардиданд.
Маориф
Дар ноҳия 113 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз он 25 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 16 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 71 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим, бо фарогирии 31122 нафар хонанда, ки 15122 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд, 3 боғчаи бачагона бо фарогирии 198 нафар тифлакон ва 76 адад маркази инкишофи кӯдакони синни томактабӣ бо фарогирии 1550 нафар амал карда истодаанд. Инчунин, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, коллеҷҳои тиббию омӯзгорӣ ва литсейи касбӣ-техникӣ фаъолият менамоянд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1661 нафар омӯзгорон (480 нафар занон), аз ин бо таҳсилоти олӣ 976 нафар (249 нафар занон), таҳсилоти миёнаи касбӣ 486 нафар (168 нафар занон), таҳсилоти миёнаи махсус 35 нафар (9 нафар занон), таҳсилоти олии ғайриихтисос 53 нафар, дигар ихтисосҳо 111 нафар фаъолият менамоянд.
Бо мақсади иҷрои амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 феврали соли 2023, № АП-330 ва № АП-331, қарорҳои раиси ноҳия аз 23 феврали соли 2023, № 112 ва аз 25 феврали соли 2023, № 117 дар бораи баргузории озмунҳои “Илм-фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба тасвиб расонида шуданд.
Даври якуми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардида, ба даври дуюм 670 нафар роҳ ёфтанд. Даври дуюм (ноҳиявӣ)-и озмун дар маркази ноҳия гузаронида шуда, аз шумораи иштирокчиён 48 нафар, аз ҷумла 31 нафар духтарон барои иштирок дар даври сеюм (минтақавӣ) роҳ ёфтанд. Аз даври минтақавӣ 4 нафар барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.
Инчунин, дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гузаронида шуда, 460 нафар иштирокчиён барои иштирок дар даври дуюми озмун роҳ ёфта, 100 нафари онҳо ғолиби даври дуюм (ноҳиявӣ) дониста шуданд. Даври минтақавии озмуни мазкур дар маркази ноҳия баргузор гардида, 2 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия гузаронида шуда, ғолибон муайян гардиданд. Аз даври минтақавии озмуни мазкур 3 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври ҷумҳуриявии озмун 1 нафар хонандаи синфи 11-и МТМУ № 52 Азизова Гулноз сазовори ҷойи дуюм гардид.
Мавриди зикр аст, ки иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ нисбат ба солҳои қаблӣ беҳтар гардида, аз шумораи 18 нафар ғолибони даври минтақавӣ (аз ин 10 нафар духтарон), 1 нафар соҳиби медали тилло, 8 нафар соҳиби медали нуқра, 7 нафар соҳиби медали биринҷӣ ва 2 нафар сазовори ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида, дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи мактаббачагон 1 нафар сазовори ҷойи дуюм, 2 нафар сазовори ҷойи сеюм ва 2 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дар ноҳия сохтмони бинои иловагӣ дар назди боғчаи бачагонаи шаҳраки Ғарм идома дошта, инчунин аз ҳисоби собиқ биноҳои муассисаҳои таълимӣ, ки дар онҳо биноҳои нав сохта шуданд, баъд аз таъмиру тармим бунёд ва ба кор оғоз намудани 4 боғчаи бачагона дар деҳотҳои Навдӣ, Ҳоит, Қалъаи Сурх ва Нусратулло Махсум ба нақша гирифта шуда, фаъолияти боғчаи бачагонаи деҳоти Ҳоит роҳандозӣ карда шуд. Инчунин, дар деҳаи Бедаки Ҷамоати деҳоти Навдӣ дар арафаи таҷлили Рӯзи кӯдакон 1 июн боғчаи бачагона барои 20 нафар кӯдакони синни томактабӣ ва дар деҳаи Себистони Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх дар рӯзҳои Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шуданд.
Дар арафаи ҷашни байналмилалии “Наврӯз -2023” биноҳои нави таълимӣ дар назди муассисаҳои № 55-и деҳаи Зарифии Ҷамоати деҳоти Тагоба, № 86-и деҳаи Қалъаи Мақсуди Ҷамоати деҳоти Навдӣ ва боғчаи бачагона дар деҳаи Ҳоити Ҷамоати деҳоти Ҳоит, дар рӯзҳои таҷлили 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бинои нави таълимӣ дар назди муассисаи талимии № 49-и деҳаи Хуфаки Ҷамоати деҳоти Қалъанак ва дар рӯзҳои таҷлили 32-солагии Истиқлоли давлатӣ дар назди муссисаҳои таҳсилоти умумии № 14-и деҳаи Ярхаби деҳоти Ҳиҷборак, № 18-и деҳаи Яшми деҳоти Б. Раҳимзода, № 22-и деҳаи Ҳоити деҳоти Ҳоит, № 38-и деҳаи Кули Ҷамоати деҳоти Аскалон, № 39-и деҳаи Воринги Ҷамоати деҳоти Ясман, № 46-и деҳаи Ғавосиёни Ҷамоати деҳоти Н. Махсум, № 77-и деҳаи Болошаҳри Ҷамоати деҳоти Оби меҳнат, ки дар маҷмуъ дорои 1800 ҷойи нишаст дар як баст мебошанд, ба истифода дода шуданд. Инчунин, дар назди муассисаҳои таълимии № 76-и деҳаи Каландаки Ҷамоати деҳоти Тагоба ва № 64-и деҳаи Ярхичи болои Ҷамоати деҳоти Ҳоит 4 синфхонаи иловагӣ сохта, ба истифода дода шуданд.
Ҳамзамон, дар назди муассисаҳои таълимии № 7-и деҳаи Шулмак ва № 54-и деҳаи Поҷеи деҳоти Б. Раҳимзода, № 53-и деҳаи Себистони Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх, № 61-и деҳаи Шаҳринави Ҷамоати деҳоти Қалъанак, № 66-и деҳаи Дуобаи Ҷамоати деҳоти Тагоба, № 68-и деҳаи Ярхаби чуқурак ва № 108-и деҳаи Худруёни деҳоти Ҳиҷборак, № 80-и деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Оби меҳнат сохтмони биноҳои наву замонавии таълимӣ идома доранд. Мавриди зикр аст, ки сохтмони қисмати зиёди иншоотҳои мазкур аз ҷониби соҳибкорону саховатмандони ватанӣ маблағгузорӣ шуда истодааст.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1140 компютер, 185 принтер, 14 тахтаи электронӣ ва 44 видиопроектор мавҷуд буда, 60 муассисаи таълимӣ тавассути модем ба шабакаи интернет пайваст мебошад.
Ҷиҳати ҷалби хонандагон ба омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ ва фанҳои дақиқ дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳои иловагӣ ба роҳ монда шудаанд.
Мавриди зикр аст, ки дар соли таҳсили 2023-2024 дар байни хонандагони синфҳои 7, 8, 10 ва 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таълими равиявӣ ташкил карда шуд. Аз ҷумла, дар синфҳои 7-ум 16 синф бо фарогирии 345 хонанда, дар синфҳои 8-ум 16 синф бо фарогирии 359 хонанда, дар синфҳои 10-ум 7 синф бо фарогирии 164 хонанда ва дар синфҳои 11-ум 8 синф бо фарогирии 181 хонанда, дар маҷмуъ 47 синф бо фарогирии 1056 хонанда таълими равияи табиӣ-математикӣ ба роҳ монда шуд.
Тандурустӣ
Дар ноҳия барои хизматрасонии тиббию табобатӣ ба аҳолӣ Беморхонаи марказӣ, маркази саломатии ноҳиявӣ, 19 маркази саломатии деҳотӣ, 49 хонаҳои саломатӣ, 8 маркази барномаҳои миллӣ, шуъбаи ёрии таъҷилӣ фаъолият бурда, дар онҳо 131 нафар табибон ва 452 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият менамоянд. Инчунин, диспансери байниноҳиявии бемориҳои рӯҳӣ ба беморони минтақа хизмати тиббӣ мерасонад.
Фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳия бо дастгирии бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Дар ноҳия 6 адад муассисаҳои госпиталӣ фаъолият дорад, ки дорои 366 кати бистарӣ мебошанд.
Дар давраи ҳисоботӣ 5468 нафар беморон дар муассисаҳои госпиталии ноҳия бистарӣ шуда, саломатии худро барқарор намуданд.
Дар ин давра 3066 таваллуд ба қайд гирифта шудааст, (дар ҳамин давраи соли гузашта 2905 таваллуд), ки таваллуди беморхонагӣ 2902 нафар 94,7 фоиз (дар ҳамин давраи соли гузашта 2538 нафар – 87,4 %) ва таваллуди хонагӣ 164 нафар 5,3 фоиз (дар ҳамин давраи соли гузашта 367 нафар – 12,6%)- ро ташкил медиҳад.
Нақшаи ҳампардохт дар муассисаҳои госпиталӣ 560547 сомониро ташкил дода, дар ҳаҷми 658846 сомонӣ ё 117 фоиз иҷро шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 98299 сомонӣ зиёд мебошад.
Тибқи нақша маблағҳои ҳампардохти шабакаи муассисаҳои кумаки аввалияи тиббӣ-санитарии ноҳия дар давраи ҳисоботӣ 270416 сомониро ташкил дода, дар ҳаҷми 252845 сомонӣ ё 93,5 фоиз иҷро шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4494 сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҷалби маблағгузории шарикони рушд сохтмони бинои “Маркази модар ва кӯдак”, таъмири асосии бинои беморхонаи марказӣ, таъмири асосии бинои собиқ шуъбаи сироятӣ барои бистарикунонии пешазтаваллудии занони ҳомила, таъмири асосии бинои муассисаи кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ идома дорад. Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо ҷалби маблағгузории шарикони рушд сохтмони бинои таваллудхона дар назди беморхонаи минтақавии Ҳоит ва сохтмони бинои нави дуошёна дар назди беморхонаи минтақавии шаҳраки Навобод ба анҷом расонида шуда, дар рӯзҳои Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шуданд. Инчунин, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони бинои маркази саломатӣ дар деҳаи Шулмаки Ҷамоати деҳоти Б. Раҳимзода идома дорад.
Кор бо занон ва оила
Дар ноҳия шумораи умумии занон 68 ҳазору 672 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 35 ҳазору 893 нафарашон қувваи қобили меҳнат мебошанд. Аз ин шумора, дар соҳаи маориф 466 нафар, соҳаи тандурустӣ 435 нафар, соҳаи фарҳанг 62 нафар, соҳаи бонкдорӣ 30 нафар, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 15 нафар, рушди соҳибкории хурду миёна 142 нафар кору фаъолият дошта, дар корҳои мавсимӣ бошад, беш аз 30 ҳазору 857 нафар ба меҳнати музднок ҷалб карда мешаванд. Айни замон 3 нафар занони ноҳия номзади илм мебошанд.
15 нафар занон вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 67 нафар вакилони маҷлисҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мебошанд.
Аз шумораи 1444 нафар занони коргар 170 нафарашон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият дошта, 19 нафар занон хизматчии давлатӣ ва 70 нафар занон роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.
Роҳбарияти ноҳия саҳми занону бонувонро дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия мусбат арзёбӣ намуда, дар чорабинии таҷлили ҷашни “Рӯзи Модар” 120 нафар собиқадорон ва фаъолзанон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои молию пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар ин давра тибқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ 358 занону духтарони маҳаллӣ ба курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши касб фаро гирифта шуда, 228 нафар занону духтарон ба ҷойҳои корӣ таъмин карда шудаанд.
Фарҳанг
Дар ноҳия 68 муассисаҳои соҳаи фарҳанг, аз ҷумла 1 қасри фарҳанг, 13 хонаи фарҳангӣ, 3 клуб, 44 китобхона, Муассисаи давлатии мактаби бачагонаи санъат, 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 театри халқӣ, 2 осорхона (Осорхонаи назди бахши фарҳанг ва осорхонаи хусусии «Кӯҳсори Аҷам»), 2 ёдгории таърихии монументалӣ амал намуда истодаанд.
Иштироки кормандони бахш дар баргузории чорабиниҳои ҷашни Сада, Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи Модар, ҷашни байналмилалии Наврӯз-2023, 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, намоишу чорабиниҳои фарҳангии ноҳияи Рашт дар шаҳри Душанбе, Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва рӯзҳои Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ, Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи парчами давлатӣ ва таҷлили 29-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон назаррас мебошад.
Ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02 феврали соли 2022, № АП-329 дар бораи баргузории озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тасдиқ карда шуда, дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур 3 нафар ҳунармандони ҷавони ноҳия ба гирифтани ҷойҳои дуюм, сеюм ва ҷойи ифтихорӣ сазовор гардиданд. Инчунин, 11 нафар ба гирифтани дипломи иштирокчии фаъоли даври ҷумҳуриявии озмун мушарраф гардиданд.
Айни замон аз ҷониби аҳолӣ сохтмони бинои китобхона дар деҳаи Ялдамичи деҳоти Қалъанак идома дошта, оғоз намудани сохтмони биноҳои нав барои 2 китобхонаи дигар ба нақша гирифта шудааст.
Варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ
Шумораи ҷавонон дар ноҳия 42500 нафарро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди ноҳия 134 иншоотҳои гуногуни варзишӣ, аз ин 3 майдони варзишӣ, 98 майдончаи варзишӣ, 27 толори варзишӣ, 5 ҳавзи шиноварӣ, 1 мактаби варзишӣ бо теъдоди 15 нафар мураббӣ ва 440 нафар машқварзон (10 нафар бонувон) фаъолият доранд.
Дар давраи ҳисоботӣ варзишгарони ноҳия дар 13 мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва 26 мусобиқаҳои сатҳи минтақавӣ иштирок намуда, дар сатҳи мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ бо 86 медал, аз ин 16 медали тилло, 30 медали нуқра, 40 медали биринҷӣ ва дар сатҳи минтақа бо 120 медал, аз ин 22 медали тилло, 38 медали нуқра ва 60 медали биринҷӣ сазовор гардиданд, ки дар маҷмуъ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 26 медал зиёд мебошад.
Дар арафаи Ҷашни 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳаи Ҷафри Ҷамоати деҳоти Ҷафр ва дар рӯзҳои Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Себистони Ҷамоати деҳоти Қалъаи Сурх майдончаҳои варзишии замонавӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Айни замон сохтмони майдончаҳои варзишии ҳозиразамон дар деҳаҳои Ялдамичи деҳоти Қалъанак, Шаҳрисабз ва Чашмаи Қозии деҳоти Нусратулло Махсум, Баҳористони деҳоти Қалъаи Сурх, Дуобаи Ҷамоати деҳоти Тагоба, Зарангаки Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак ва сохтмони толорҳои варзишӣ дар деҳаҳои Шулмак ва Санги Маликии деҳоти Боқӣ Раҳимзода ва Белгии Ҷамоати деҳоти Қалъанак идома доранд.
Дар ин давра дар ноҳия 140 вохӯрию мулоқотҳо бо ҷавонон оид ба таблиғи муҳтавои Паёми Пешвои миллат, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии нашъамандӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, инчунин дар 14 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот чорабинии аксияҳо дар мавзӯъҳои “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат”, “Аз оворагардӣ ба донишомӯзӣ”, “Таронаи сарбоз” ва “Дониш андар дил чароғи равшан аст” гузаронида шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 23430 ҷавонон иштирок намуданд.
Мавриди зикр аст, ки ҷавонони ноҳияи Рашт бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазифаи муқаддас ва қарзи фарзандии худ шуморида, нақшаи даъватҳои баҳорӣ ва тирамоҳии хизмати ҷавонони ноҳия ба сафи Артиши миллӣ дар рӯзҳои аввали ин маъракаҳо пурра иҷро гардид.
Иштироки ҷавонони ноҳия дар баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ назаррас буда, аз ҷониби масъулин дар арафаи таҷлили санаҳои таърихӣ аксияҳои тарғиботию ташвиқотӣ ташкил карда мешаванд. Аз ҷумла, дар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори “Бо Пешвои худ ифтихор мекунем!” бо иштироки беш аз 5600 нафар ва дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 4500 нафар аксияҳо бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардиданд.
Ноҳияи Рашт дар қатори дигар гӯшаву канори Ватани азизамон дорои захираҳои бой ва мавзеъҳои нодир барои рушди сайёҳӣ мебошад.
Дар ноҳия имкониятҳои рушди сайёҳии экологӣ, агро-сайёҳӣ, истироҳатӣ, кӯҳнавардӣ, шикор, сайру гашти пиёдагардӣ, аспсаворӣ, варзишӣ ва зиёрати ҷойҳои муқаддас фароҳам мебошанд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти шароиту имкониятҳои мавҷудбуда, барои рушди ин соҳаи афзалиятнок чораҳои зарурӣ роҳандозӣ карда мешаванд.
Бо мақсади фароғату истироҳати сайёҳони дохилию хориҷӣ, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар ноҳия 3 меҳмонхона ва 1 хостел бо фарогирии 51 ҳуҷра ва 150 рахти хоб сохта шуда, ҳамарӯза ба меҳмонону сайёҳон хизмат мерасонанд.
Илова бар ин, дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 3 меҳмонхона дар маркази ноҳия ва истироҳатгоҳҳои муосир дар мавзеъҳои сайёҳии дараи Камароб, Ҳоит, Ясман, Ҷафр, Сиёҳдара ва дар соҳили Кули калони Ҷамоати деҳоти Аскалон пешбинӣ гардида, корҳои сохтмонӣ дар ин самт оғоз гардидаанд.
Дар мувофиқа бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати роҳҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳудуди ноҳия сохтмони 20 истгоҳи замонавӣ ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора то имрӯз сохтмони 15 истгоҳ ба анҷом расида, дар истгоҳҳои дигар корҳо идома доранд.
Дар заминаи истгоҳҳои мазкур нуқтаҳои фурӯши ҳунарҳои мардумӣ, марказҳои иттилоотии сайёҳӣ, нуқтаи хӯроки тезтайёр ва гӯшаҳои деҳқон пешбинӣ гардидаанд.
Айни ҳол дар ноҳия 2 осорхона, 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 боғи ботаникӣ-фарҳангӣ, 3 меҳмонхона, 1 гестҳавз (меҳмонхонаи хурд), 15 ҳомстей, 3 тарабхона, 20 ошхона, 14 нуқтаҳои хӯроки тезтайёр бо фарогирии зиёда аз 1400 ҷойи нишаст, 1 маркази ҳунармандӣ ва фурӯши армуғонҳои миллӣ, 2 маркази иттилоотии сайёҳӣ ва растаи фурӯши ҳунарҳои мардумӣ дар бозори марказии ноҳия, 28 ташнобхона, 5 ширкати алоқаи мобилӣ, 8 филиали бонкҳо, 28 маркази хизматрасонии бонкӣ ва 22 банкомат фаъолият доранд.
Қобили қайд аст, ки бо мақсади ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ноҳия 12 хатсайри нави сайёҳӣ таҳия шуда, ба ширкатҳои сайёҳӣ пешниҳод гардида, тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ муаррифӣ карда мешаванд.
Дар натиҷаи таҳияи хатсайрҳои нав ва таблиғу ташвиқи имкониятҳои сайёҳӣ ҳамасола ташрифи сайёҳон ба ноҳия афзоиш меёбад.
Дар давраи ҳисоботӣ тибқи маълумотҳои оморӣ ба ноҳия 3532 нафар сайёҳону меҳмонон, аз ҷумла 3204 нафар сайёҳони дохилӣ ва 228 нафар сайёҳони хориҷӣ ворид гардидаанд.
Меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Дар давраи сипаригардидаи соли ҷорӣ ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 3167 нафар шаҳрвандон муроҷиат намудаанд, ки аз ин шумора 804 нафарашон занон мебошанд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта муроҷиатҳо 108 нафар зиёд шудаанд. Аз шумораи умумии муроҷиатҳо 2285 нафар ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шудааст, ки 627 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар ин давра дар ноҳия 742 нафар шаҳрвандон дар шаклҳои гуногуни моликият ба кор таъмин гардидаанд, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 19 нафар зиёд мебошад.
Инчунин, 95 нафар шахсоне, ки дар бозори меҳнат мисли дигарон рақобат карда наметавонанд ва шахсони ба ҳимояи иҷтимоӣ ниёздошта дар шаклҳои гуногуни моликият ба шуғл фаро гирифта шудаанд.
Дар давраи сипаришудаи соли ҷорӣ 353 нафар шаҳрвандоне, ки аз ҷои кор ихтисор шудаанд ва баъди адои хизмати ҳарбӣ, ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, ба онҳо кумакпулӣ таъин ва пардохт карда шудааст.
Бо мақсади мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар ёздаҳ моҳи соли равон аз ҳисоби Барнома 17 гурӯҳ бо шумораи 330 нафар, аз ин 117 нафарашон занон ва тариқи худмаблағгузорӣ 8 гурӯҳ бо шумораи 154 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд, ки 43 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Инчунин, 191 нафар тариқи шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ фаро гирифта шудаанд, ки 121 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Шумораи умумии касбомӯзон дар ин давра 864 нафарро ташкил медиҳад, ки 358 нафарашон занон мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба масъалаи ба омӯзиши касбҳои дар бозори меҳнат талаботдошта бештар фаро гирифтани шаҳрвандон ва ба ин раванд ҷалб намудани маблағҳои сармоягузории шарикони рушд аҳамияти хоса зоҳир намуда, дар ин росто 154 нафар шаҳрвандон тибқи курсҳои худмаблағгузор ба воситаи маблағгузории шарикони рушд соҳибкасб гардонида, бо шаҳодатномаҳои тахасусӣ таъмин карда шудаанд.
Ҷиҳати ба малакаҳои касбӣ фаро гирифтани ҷавонон ва ҷавондухтарон тариқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ, дар ноҳия тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шуда, баҳри амалӣ гардидани ин ҳадаф чораҳои лозимӣ андешида мешаванд.
Муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони дар хориҷи кишварбуда дар давраи ҳисоботӣ 13843 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 961 нафарашон занон буда, шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 904 нафар кам мебошад. Айни замон раванди баҳисобгирии муҳоҷирони меҳнатӣ идома дошта, то охири моҳи декабр ба анҷом расонида мешавад.
Дар ноҳия 9500 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шуда, дар ин давра маблағи нафақапулиҳо дар ҳаҷми 34 миллиону 52 ҳазор сомонӣ ба пуррагӣ пардохт гардидааст. Шумораи нафақагирон дар ин давра нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 276 нафар ва маблағи нафақа 2 миллиону 782 ҳазор сомонӣ зиёд шудааст. Нафақаи миёна дар ин давра 355 сомониро ташкил медиҳад.
Музди миёнаи моҳонаи кормандони ноҳия 1371 сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 122 сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 110 фоизро ташкил медиҳад.
Рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар ноҳия барои амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, 15 комиссияи доимӣ ва 115 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд.
Дар ноҳия 93 масҷид, аз он 6 масҷиди ҷомеъ ва 87 масҷиди панҷвақта ба қайд гирифта шуда, тибқи талаботи қонуни мазкур эҳтиёҷоти эътиқодии шаҳрвандонро қонеъ карда истодаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 2027 маърака ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 1562 маъракаи тӯйи домодию арӯсӣ, 164 маросими чил, 70 маросими се ва 231 маросими сол мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 11 ҳолати риоя нагардидани талаботи Қонун ба қайд гирифта шуда, нисбати шаҳрвандоне, ки ба қонуншиканӣ роҳ додаанд, аз ҷониби Суд ба маблағи 53160 сомонӣ ҷарима таъин ва ситонида шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин замина таъмини рушди бомароми иҷтимоию иқтисодии ноҳия фаъолияташро боз ҳам бештар равона менамояд.