Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

РӮЗЕ, КИ МИЛЛАТ РОҲНАМО ЁФТ…

 

Номаи шодбошии раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода бахшида ба 31-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр ҳамчун рӯзи сарнавиштсоз сабт гардида, рӯйдодҳои муҳими таърихи кишвар, аз ҷумла баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯзи фараҳбахш ҷашн гирифта мешавад.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд шуда газашт, ба истиқлолияти воқеии Тоҷикистон замина гузошта, халқи тоҷикро аз парешонию парокандагӣ раҳоӣ бахшид.

Муддати 31 сол, ки аз баргузории ин Иҷлосия мегузарад, барои таърих фосилаи чандон тӯлонӣ нест, аммо барои кишвари навҷавони мо марҳилаи худшиносӣ, ҳувият, ободонӣ ва фарҳангсозӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз ҳамин Иҷлосия, ки ба таърихи пуршарафи хулқу ватанамон чун Иҷлосияи таърихиву сарнавиштсоз ворид шудааст, на танҳо Тоҷикистони азизамонро аз вартаи ҳалокат наҷот дод, балки барои миллатамон роҳнамову роҳкушо ва Пешвои муаззаму муқтадир бахшид, ки давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба чунин як раҳобахши бузург ниёз дошт. Ин ҳамоиши бузурги таърихӣ дар  даврае ба амал омад, ки умуман дар бораи ваҳдату якдигарфаҳмӣ сухан гуфтан аз имкон берун буд. Аммо хиради азалии мардуми тоҷик бо шарофати даъвати ин Иҷлосия барои ҳалли мушкилоти ба миёномада роҳ ҳамвор намуд ва имкон дод, ки паёмадҳои ин чорабинии бузурги миллӣ сабаби тағйироти куллии сохтор ва мазмуну муҳтавои давлатдории тоҷикон ва ҳувияти миллии онҳо гардад. Воқеан, маҳз ҳамин Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дасти худи тоҷикон навишта шудани сарнавишти таърихии онҳо сабаб ва омили ҳалкунанда буд.

Бояд ёдовар шавем, ки рӯзи 19 ноябри соли 1992 дар Иҷлосия суханони Раиси Комиҷроияи вилояти Кӯлоб, депутати халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов шунида шуда, бо хушнудии том истиқбол гардид, зеро вазъи баамаломадаи ҷумҳурӣ дар он воқеъбинона ва бо дарки масъулияти баланд тавсиф гашта, ҳадафи олии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳ дар тамоми қаламрави кишвар муайян карда шуд.

Боиси ифтихори мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки дар ҳамин Иҷлосия бо ақлу заковати вакилон шахсияти бузурги миллӣ рӯйи кор омад, ки бо ҷасорати инсонӣ ва хиради сиёсӣ миллату кишварро аз вартаи парокандагӣ ва нобудӣ берун кашид. Ин шахсияти бузург Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар зеҳну дили мардум ифтихори миллиро бедор намуда, онҳоро ба сулҳу салоҳ ва меҳнати созанда равона менамуд.

Нахустин суханронӣ, аввалин изҳороти Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози нек, нияти миллатдӯстона ва иродаи қаввии ӯ шаҳодат медиҳанд.

Вай изҳор дошт, ки: “Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Ҳарчи аз дастам меояд дар ин роҳ талош хоҳам кард” ва бисёр муҳим: “Ман ҷонамро барои осоиши кишвар фидо мекунам”, “То охирин гурезаро ба Ватан бар нагардонам, ором намешавам”.

Ин суханҳое буданд, ки аз шинохти дурусти вазъи онрӯзаи Тоҷикистони ҷангзада ва омодагии қатъии шахсии Сарвари давлат дарак медиҳанд. Зиёда аз он, ин суханронӣ ва амалҳо аз вазифаҳои аввалиндараҷа дар кори татбиқи сарҷамъӣ ва ваҳдати миллӣ ба шумор мерафтанд.

Аз нахустин рӯзҳои ба сари қудрат омадани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳуҷҷату қарорҳои Иҷлосияи XVI масъалаи сулҳ, барҳам задани ҷанги бемаънии таҳмилӣ ба таври ҷиддӣ ба миён гузошта шуд. Дар Иҷлосия дар қатори вакилон намояндагони гурӯҳҳои мухолиф, қумандонҳои саҳроӣ низ даъват шуда буданд. Дар ин маврид муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиати худ изҳор дошта буданд: “Ба ҳурмати наҷот додани Тоҷикистон ва хотима додан ба ҷанги бародаркуш, ба хотири ба даст овардани сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ба мақсади ягонагӣ ва муттаҳидии тамоми халқҳое, ки сокини ҷумҳуриамон мебошанд, даъват менамоям, ки дар Иҷлосия иштирок намоед”.

Қарорҳои қабулнамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, изҳори ғояҳои сулҳхоҳона ва неки Сарвари наву ҷавони давлат Эмомалӣ Раҳмон дар тафаккури ҳар як сокини солимфикри Тоҷикистон нақши бориз гузошта, мардуми шарифи Тоҷикистонро ба корҳои нави созандагӣ ҳидоят ва орзуву ормони халқро ба бунёди давлати демократӣ, зиндагии судманду осоишта қавӣ намуда, боиси боварии шаҳрвандон ба роҳбарияти нави давлат, муттаҳидии онҳо дар атрофи Пешвои миллат гардиданд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миллати мо неруи нав бахшид, масири тозаи сулҳу салоҳро нишон дод, ки шаҳрвандони мо ба он ифтихор доранд. Иҷлосия ба дилшикастагӣ, рӯҳафтодагӣ ва нобоварии шаҳрвандон ба фардои худ хотима гузошта, дар дили мардум бедории миллиро ба миён овард.

Бояд гуфт, ки дар Иҷлосия дар маҷмуъ 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва як изҳорот ба монанди қонунҳои авфи умумӣ, гурезагон, имтиёзҳо барои маъюбони ҷанги шаҳрвандӣ ва оилаҳое, ки саробони худро аз даст дода буданд, қабул карда шуданд. Ҳамин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳидоятгари сокинони кишвар дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, бахшидани гуноҳи якдигар гардида, ба мардуми Тоҷикистон умед ба ояндаро ато карданд. Дар Изҳороти Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки 26 ноябри соли 1992 қабул карда шуд, зикр гардида буд: “Муҳимтарин дастоварди кори Иҷлосия тантанаи Қонун аз болои қонуншиканӣ, боз гаштан ба роҳи конститутсионии ҳалли масъалаҳои тезу тунди иҷтимоию сиёсӣ мебошад, ки ҷомеаро ба изтироб овардаанд”.

Дар Иҷлосия рамзҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз нав муқаррар карда шуда, дар он қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул шуда, ба Конститутсия дар бахши рамзҳои давлатӣ тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд. Баъд аз қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  6 ноябри соли 1994 ба вуқуъ пайваст, 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯроии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Аз ин рӯз тибқи муқаррароти Конститутсияи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон таърихи идоракунии сохти президентӣ дар мамлакат сарчашма гирифт. Барои таъмини сулҳу ваҳдат, рушду пешрафти мамлакат, ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ, ки ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр Рӯзи Президент пазируфта шуд.

Маҳз маҳбубияти Пешвои миллат аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар интихоботҳои навбатӣ бори дигар ин шахсияти бузурги таърихиро ба мансаби олии кишвар интихоб намуданд.

Ин дӯстдорӣ, эътиқод ва эҳтироми бузург бесабаб нест, зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, истиқлоли Ватани азизамон ва пешрафту ободиҳо самараи фаъолияти шабонарӯзии ин абармарди таърих аст.

Боиси ифтихори мо тоҷикистониён аст, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар арсаи байналмилалӣ  ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату давлат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва масъалаҳои глобалӣ мешиносанду эътироф менамоянд. Бо ибрози ниятҳои нек таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли мардуми ноҳия самимона шодбош гуфта, ба ҳар яки хонадон фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.