Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

Қадрдонии раиси ноҳияи Рашт, Узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ба иштирокчиёни озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ 

 Аз ҷониби раиси ноҳия ба 32 нафар иштирокчиёни фаъоли озмунҳои ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи донои китоб аст», «Илм фуруғи маърифат» ва «Тоҷикистон ватани азизам»  ба маблағи 24 ҳазору 700 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Аз ҷумла, ба хонандаи синфи 9-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 Муродова Мунавара, ки дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷойи якумро ишғол намуда  ба маблағи 1500 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.
Боиси ифтихор аст, ки ташаббуси Асосгузори сул
ҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар ҳаводорони зиёдеро ба ҳам оварда, дар муаррифии чеҳраҳои китобхон, донишманд, суханвар ва эҷодкор нақши боризе гузошта истодааст. Мардуми шарифи Тоҷикистон, падару модарон, хонандагону омӯзгорон, донишҷӯёну намояндагони касбу кори гуногун ҷиҳати дастгирии ташаббуси Пешвои миллат тамоми неруи зеҳнии худро равона карда, дар чор зинаи озмун донишу маҳорати худро муаррифӣ намуданд.