Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

 ТАНТАНАҲОИ ИДОНА

Рӯзи 8-уми сентябри соли равон маркази ноҳияи Рашт шаҳраки Ғарм намуди идона дошт. Хурду бузурги ноҳия ба хотири таҷлили 32-юмин солгарди Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷамъ омада буданд. Бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳ гузашти низомӣ бо иштироки афсарону сарбозони қисмҳои низомии мустақар дар ноҳия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қувваҳои эҳтиётии мудофиаи ҳудудӣ доир гардид.
Дар гузашти ҳарбӣ раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода баромад намуда, иштирокчиёни гузашти низомӣ ва сокинони ноҳияро ба ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ табрик намуда, қайд кард, ки «Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандӣ ва вазифаи хизматии худро бо садоқат ба халқу Ватан иҷро карда, дар роҳи барқарорсозии сохти консититутсионӣ, ба эътидол овардани вазъият, безарар гардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ ва  дигар унсурҳои ҷинояткор, яъне таъмин намудани волоияти қонун ва сулҳу субот дар кишвар саҳми воқеан таърихӣ гузошт».
Инчунин, таъкид гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлолро зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён эътироф намуданд ва миллати тоҷик ҳамчун миллати тамаддунофару сулхоҳ дар арсаи байналмилалӣ шинохта шуд.                         Тантанаи 32- солагии Истиқлоли  давлати рӯзи 9-сентябр дар шаҳраки Ғарм бо намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои  мардумӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва сайру гашти идона идома меёбанд.