Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Хабарҳо

 Таваҷҷуҳи махсус нисбати маъюбон   

             Дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии маъюбон яке аз самтҳои афзалиятноки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт низ дар ин замина нисбати ин қишри ҷомеа ғамхории махсус зоҳир менамоянд.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва ҷалби соҳибкорони ватанӣ аёдати шахсони имконияташон маҳдуд дар моҳи шарифи рамазон ба роҳ монда шуд.  То имрӯз аз тарафи масъулини мақомоти иҷроия ва кормандони шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ба 46 нафар шахсони имконияташон маҳдуд аёдат шуда, ба ҳар кадом ба маблағи 600  сомонӣ кумаки яквақтаина расонида шуд. Чунин кӯмакҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шахсони саховатпеша ба нафарони табақаи ниёзманди аҳолӣ идома дорад.