Дастгирии ятимон, нимятимон ва бепарасторон яке аз фазилатҳои неки инсонӣ буда, дар таърихи миллати мо анъанаи қадимӣ дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати инсонгароёнаи худ ин масъаларо дар мадди аввал гузошта, аҳли хайру сахоро ба анҷом додани ин амали хайр ҳамеша ташвиқ мекунад.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлати ҷалби соҳибкорони ватанӣ, дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар ноҳияи Рашт чунин иқдомҳоро пайваста роҳандозӣ мегарданд.
Маросими туҳфасупории раиси ноҳия ба ятимони кулл ва шахсоне, ки сарпарастии онҳоро ба дӯш доранд, хотирмон гузашт. Муқимӣ Раҳимҷон Набизода дар майдони мактаб-интернат хонандагон ва омӯзгоронро табрик гуфта, зикр кард, ки Пешвои муаззами миллат ин қишри ҷомеаро ҳеҷ гоҳ танҳо намемонад. Тамоми имкониятҳое, ки роҳбарияти ноҳия ба даст дорад, дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат барои дастгирии онҳо равона месозад.
Дар охир аз тарафи соҳибкорони Ватанӣ ба ҳамаи омӯзгорону кормандон ва хонандагони муассиса дар арафаи Иди фитр сару либоси идона тақдим карда шуд.