Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ бо мақсади муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, тарбияи зебопарастӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, порадӯзӣ, атласу адрасбофӣ, ки дар Ҷамоатҳои шаҳракию деҳотии ноҳияи Рашт даври аввали фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид.
Фестивал аз рӯйи номинасия “Намоиши либоси қадимаи чакан”, “Намоиши либоси кӯдакона”, “Намоиши либоси расмӣ” ва “Намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидӯзӣ” ҷараён гирифт.