4 октябри соли 2022 дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Рашт «Рўзи забони давлатӣ» бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуд. Дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг намоиши ҳунарҳои эҷодии хонандагону омӯзгорон ба маърази тамошо гузошта шуд.
Ҷамъомад бо иштироки муовини раиси ноҳияи Рашт Муродзода Бахтиёр, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, фаъолон ва директорону омўзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия дар як сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ баргузор гардид.
Сараввал мудири қасри Фарҳанги ноҳия Лоиқова. З ҷамъомадро кушода эълон намуд. Табрикоти раиси ноҳияи рашт, узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода -ро муовини раиси ноҳия Муродзода Бахтиёр Сайалӣ, оид ба мақом ва мартабаи забони давлатӣ дар сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва амалишавии қарору барномаҳои дар ин самт таҳияшуда суханронӣ намуд.
Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5 октябр таҷлил мегардад басо рамзест, ки зеро гиромидошти забони давлатӣ ба рӯзе рост омадааст, ки дар ин сана пуштибони тавонои он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чашм ба дунё кушодааст. Эҳё ва шинохти ин забон ва миллат дар саросари ҷаҳон маҳз бо талошҳои ҷавонмардонаи ин фарзанди фарзонаи модари тоҷик вобастагӣ дорад.
Баромадкунандагон қайд намуданд, ки муҳимтарин рукни ҳастии ҳар халқу миллат забони ӯ мебошад. Забони тоҷики, забони давлатии кишвари махбуби мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад, ки таърихи беш аз сеҳазорсола дорад, ва дар иҳотаи забонҳои дигар озмоишҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст. Маҳз мақоми таърихии забони тоҷикӣ омили муттаҳидгардии халқ ва ташаккули давлати миллии точикон заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар фароварди чорабинӣ дастаи ҳаваскорони бахши фарҳанг барномаи ҷолиби консертиеро пешкаши ҳаводорон намуда табъи иштирокчиёнро болида гардонданд.