Июль 10, 2021 10:11
ДУШАНБЕ, 10.07.2021 /АМИТ «Ховар»/. 10 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбати телефонӣ ҳисоботи раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод Муқимӣ Раҳимҷон ва Фақерзода Қадриддинро вобаста ба оқибатҳои заминларза шуниданд.
Тавре маълум гардид, дар заминларзае, ки субҳи имрӯз рух дод, манзилҳои истиқоматӣ хароб шуда, боиси талафоти ҷонии 4 нафар, аз ҷумла 2 кӯдак гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, раисони ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод супориш доданд, ки ҳар чӣ зудтар барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ва расондани кӯмак ба оилаҳои зарардида чораҷӯӣ намоянд.
Комиссияи ҳукуматӣ ба таври фаврӣ дар маҳалли ҳодиса корҳои бартарафсозиро оғоз кард.
Тибқи иттиллои Маркази зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зилзила соати 7-у 14 дақиқаи вақти маҳаллӣ, 20 километр дар наздикии маркази ноҳияи Рашт дар чуқурии 10 километр ба вуқуъ пайваста, қувваи он ба 5,9 балл аз руи ҷадвали Рихтер баробар буд.
Ҷунбиши замин дар кишварҳои ҳамсоя низ эҳсос гардид.