Ба ифтихори 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри фарҳанг ба номи Хоҷи Абдулазизи ноҳияи Рашт саршор аз каломи бадеъ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳобзода, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Диловари Мирзо, шоири ҷавону умедбахш Сафари Абдураҳмон ва Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Амриддини Кабир доир гардид.
Нахуст раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода аз номи худ ва мардуми шарифи ноҳия иштирокчиёни ин ҷамъомадро бо ҷашни Наврӯзи хуҷастапай ва маҳфили саршор пур аз меҳру самимият табрику таҳният намуд.
Воқеан баргузории чунин маҳфилҳои шеъру суруд аз баракати Истиқлолият, сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.