Вохӯри бо ҷамоат Рӯзномаи "Оинаи Рашт" Сайёҳӣ Хабарҳо

ПАЁМ – КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА!

Вохӯрии Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар якҷоягӣ бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тибқи нақшаи тадбирҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия доир ба таблиғи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида буд ва татбиқи супоришҳои Пешвои миллат дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли ҷорӣ хотирмону муассир сурат гирифт.

Дар вохӯрӣ нахуст раиси ноҳия Муқимӣ Раҳимҷон Набизода ҳайати гурӯҳи кориро муаррифӣ намуда, раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот оид ба корҳои иҷрошуда дар соли 2020 ва нақшаи тадбирҳо ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар соли 2021 ҳисобот манзур намуданд.

Ҳисоботи раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ роҷеъ ба дастоварду мушкилоти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳраки мазкур ақида иброз доштанд.

Раҳимҷон Набизода дар баромади худ қайд кард, ки Паёми Пешвои миллат роҳнамои ҳадафҳои созандаи кишвар буда, таҳлили тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад. Дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии кишвар он ҳамчун чароғи роҳнамо ва пешабарандаи ҷомеа маҳсуб рафта, амалӣ шудани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардои ҷомеаро дар бар мегирад.

Ҳамчунин, дар вохӯриҳо  зикр гардид, ки Пешвои миллат дар Маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, оид ба боло бурдани сатҳи иқтисодиёт, дастгирии соҳибкорон ва фаъолияти онҳо, рушд додани саноат, афзун намудани теъдоди истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва ба ин роҳ таъмини сатҳи иҷтимоӣ, ҷалби ҷомеа, бахусус ҷавонону наврасон ба мутолиаи китобҳои бадеӣ, касбомӯзӣ, дастгирии занон, фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои мардум, дастгирии деҳқонон, рушд додани соҳаи кишоварзӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ дар давраи ҷаҳонро фаро гирифтани бемории ҳамагири Covid-19, истифодаи самараноки нерӯи барқ ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани  ҷашни бузурги миллӣ – 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар ин радиф, масъулин доир ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти миллӣ, манфиати давлату ҷомеа, волоияти қонун баромадҳо намуда, иштирокдоронро оид ба ҳушёрию зиракии сиёсӣ, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ – экстремистӣ дастурҳои мушаххас доданд.

Раиси ноҳия аз дастовардҳои беназири соли 2020 бо вуҷуди мушкилоти бемории ҳамагири Covid-19 ёдовар шуда, иброз дошт, ки чунин дастовардҳо ифтихор ва нури умеду бовариро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон бори дигар дар қалбҳои мардуми кишвар маскан ва таҳким мебахшад.

Ҳамчунин, Муқимӣ Раҳимҷон Набизода дар фароварди чорабиниҳо шахсони саховатманду эҳсонкорро, ки дар корҳои ободонию созандагии ноҳия саҳм доранд, бо ифтихорномаю сипоснома сарфароз гардонда, соҳибкорони маҳаллиро ба вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии қишри осебпазири ҷомеа даъват кард.

Дар ҳар як вохӯрию мулоқоти доиргардида атрофи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат иштирокчиён андешаҳои худро иброз доштанд.

Гуфта мешавад, ки илова ба ин, гурӯҳҳои таблиғотии таъсисдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар чойхона – фароғатгоҳҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ  доранд.