Суханрониҳои раиси ноҳия

Баромади раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Раҳимҷон Набизода бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Бо мурури замон, бо ҳукми тақдири ин ё он миллату халқият нобиғаҳое ба сари қудрат, арсаи сиёсат ва адабиёту фарҳанг меоянд, ки боиси пешрафту тараққиёти ҷомеа, таҳаввулоти азиму тақдирсози халқи худ мегарданд. Албатта, чунин ашхосро қабл аз ҳама он халқу миллате ба майдон оварда метавонад, ки дорои таърихи мутамаддин, илму фарҳанг ва арзишҳои милливу умумибашарӣ бошад.

Халқи тоҷик, ки аз қадимтарин миллатҳои соҳибтамаддуни олам аст, ки ин ҳама хусусияту арзишҳои миллиро доро мебошад. Таърих гувоҳ аст, ки дар қарнҳои мухталиф шахсоне ба мисли Спитамен, Исмоили Сомонӣ, Деваштич, Муқаннаъ, Темурмалик, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва чанди дигар ба арсаи сиёсату адабиёт омадаанд, ки номбардори миллати куҳанбунёди тоҷик гаштаанд.

Шукрона, ки имрӯз ҳам мо шоҳиди чунин корномаи бузурги фарзона фарзанди миллат,  Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем ва аз он ифтихор дорем, ки Пешвои муаззами миллат на танҳо барои ҳаммиллатони хеш, балки барои башарият хизматҳои  содиқонаву  гаронмояро ба ҷо овардаанд.

Роҳбари давлати тоҷикон замоне  зимоми давлатро ба дӯш гирифт, ки  дар он асно кишвар бо хатари таназзул  ва аз даст рафтани  истиқлолият рӯ ба рӯ шуда буд. Нерӯҳои сиёсии навташкил, ки  дорои таҷрибаи муборизаи сиёсӣ  барои ҳокимият набуданд, мамлакатро ба бесуботӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд.

Дар чунин шароити  душвор моҳи ноябри соли 1992 вакилони мардумӣ  дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Сарвари давлат интихоб намуданд.

Аз рӯзҳои нахустини  фаъолияти хеш Роҳбари давлати тоҷикон масоили муттаҳидии ҷомеаро дар раъси ҳама корҳо  қарор дод.

Иҷлосияи  XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро иҷлосияи сарнавиштсоз, нусратовар ва ваҳдатофар меноманд, ба тамоми ин бесарусомониҳо, қонуншиканиҳо, бедодгарию ваҳшонияти гӯшношунид хотима гузошт ва ҳокимияти қонунӣ ва конститутсиониро дар Тоҷикистон аз нав барқарор намуд. Маҳз баъди ҳамин иҷлосия эҳё ва аз нав таъсис додани тамоми сохторҳои давлатӣ: Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот марҳила ба марҳила оғоз гардид.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз қадамҳои нахустини ислоҳоти сиёсӣ ба шумор рафта, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба ҳукми қонун даровард ва Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ шуд.

Зикр бояд кард, ки раванди таҳияи лоиҳаи Конститутсия мушкил мегузашт, зеро он вақт таъсири мафкураву арзишҳои даврони шӯравӣ ҳанӯз хеле қавӣ буд ва дарки арзишҳои нави ҷомеа, аз ҷумла, гуногунандешии сиёсӣ, бисёрҳизбӣ, шаклҳои моликият, иқтисоди бозорӣ ва монанди инҳо хеле ба душворӣ қабул мешуд.

Аз ҷумла, масъалаи интихоби шакли идораи давлатӣ, яъне дар Конститутсия муқаррар намудани ҷумҳурии президентӣ ё парламентӣ, мавриди баҳсу талошҳои доманадори таҳиягарон қарор гирифта буд.

Хушбахтона, халқи Тоҷикистон шакли идораи президентиро ҷонибдорӣ намуд ва ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 қабул гардид.

Ҷашни имсолаи Рӯзи Президент боз як вижагӣ дорад: миллати мо чанд рӯз пеш бо ҳузури пурранг ва маънодори худ дар рӯзи интихоботи Президенти Тоҷикистон, олитарин намунаи масъулиятшиносии шаҳрвандиро ба намоиш гузошт ва бо интихоби Эмомалӣ Раҳмон бо дарсади болои овозҳо, дарки дурусти  вазъи имрӯзаву ояндаи кишвар ва ҷаҳонро нишон дод. Бале, миллат дурусттарин  интихобро анҷом дод, ҳамон тавре, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи намояндагони худ дурусттарин ва сарнавиштсозтарин интихобро анҷом дода буд.

Бояд қайд намуд, ки яке аз хизматҳои  бузурги Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон он аст, ки ба хотири ояндаи кишвар паси мизи музокира бо иттиҳоди мухолифин нишаст ва дар мушкилтарин шароити ҷараёни музокирот  ин равандро ба фарҷоми мантиқӣ-имзои Созишномаи  сулҳ расонд.

Хиради сиёсии Сарвари давлат, инчунин дар татбиқи усулҳои Созишномаи сулҳи байни тоҷикон, раванди  ислоҳоти  сиёсӣ, ҳаллу фасли масоили ҳуқуқию низомӣ ва ба Ватан баргардонидани беш аз як  миллион гурезаҳои иҷборӣ бо иродаи қавӣ зоҳир мегардад.

Роҳбари давлат садоқату вафодориро ба миллату давлати худ нишон дода, баҳри хотима гузоштан ба ҷанги шаҳрвандӣ, таъмини Ваҳдати миллӣ, бозгашти муҳоҷирони иҷборӣ, барқарор намудани хоҷагии аз ҷанг харобгашта тадбирҳои фаврӣ андешида, ба бесарусомонӣ ва талошҳои беҳудаи ҳарисони мансаб, ки ба иродаи қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ такя доштанд, хотима гузошт.

Ҳанӯз дар нахустин суханронии худ содиқ буданро барои сулҳу оромӣ ва пешрафту шукуфоии миллат баён доштанд, ки: «Ман кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем то, ки вазъро ором намоем. Ҳарчӣ аз дастамон меояд, дар ин роҳ талош хоҳем кард».

Муносибати некбинона ва фаъолияти амалии Сарвари  давлат дар қалби мардуми кишвар мавқеи нотакрору сазовори худро ишғол намуда, яке аз асосҳои дастгирӣ ва боварии халқ ба сиёсати пешгирифтаи Роҳбари мамлакат гардиданд.

Бо хиради азалӣ ва ҷаҳду талошҳои беохири Пешвои миллат баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ Тоҷикистон дар роҳи рушди босубот қадамҳои устувор гузошт. Навсозиҳои иқтисодӣ, самараи хешро ба бор оварданд, ки муҳимтарини онҳо таъмини амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ва истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад, ки ба натиҷаи ниҳоии онҳо расида истодаем.

Дар натиҷаи чораҳои андешидаи Президенти мамлакат аз соли 1996 пастравии истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ боздошта шуда, афзоиши он таъмин гардид. Ҳамин буд, ки тайи ҳафт соли охир ҳаҷми воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз ду баробар афзуда, суръати миёнаи рушди иқтисодӣ ба 7 дарсад баробар шуд.

Барои ҷумҳурии мо, ки 93 фоизи ҳудудашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, таъмини амнияти озуқаворӣ аҳамияти калидӣ дорад. Аз ин рӯ бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат истифодаи самараноки замин, рӯёнидани ду ва зиёда аз он ҳосил аз заминҳои обӣ омили асосии ин масъала ба ҳисоб меравад.

Дар давраи Истиқлолият барои татбиқи яке аз ҳадафҳои дигар, таъмини амнияти энергетикии кишвар қадамҳои устувор гузошта шудаанд. Дар ин давра неругоҳҳои барқи обии «Сангтуда-1», «Сангтуда-2», «Помир-1», 2 агрегати неругоҳи барқи обии Роғун ба кор даромаданд. Истеҳсоли неруи барқ аз 17,1 миллиард килловат-соат дар соли 2013 то 21 миллиард килловат-соат дар соли 2020 расонда шуд. Соли 2019 таҷдиди неругоҳҳои барқии обии «Норак» ва «Қайроқум» оғоз гардид.

Бунёди роҳу пулҳо яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, дар ин самт корҳои хеле бузург иҷро шуданд. Дар ин давра беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан, 31 километр нақб ва беш аз 200 пул мавриди истифода қарор гирифтанд.

Ин дастовардҳои муҳим натиҷаи талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, орзуи чандинасраи мардуми тоҷик амалӣ гардид.

Имрӯзҳо Роҳбари давлат дар самти татбиқи босамари сиёсати иқтисодӣ, амалӣ сохтани ҳадафи чорум-саноатикунонии босуръати кишвар чораву тадбирҳои заруриро андешида, барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, таъсиси ҷойҳои нави  корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саъю талош менамояд.

Арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, яке аз самтҳои сиёсати маънавии Пешвои миллат маҳсуб меёбад. Дар заминаи ин сиёсати фарҳангпарварона таҷлили 1100-солагии давлати Сомониён, 2500-солагии Истаравшан, Соли тамаддуни ориёӣ ва 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, Соли бузаргдошти Имоми Аъзам, 1150-солагии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 600-солагии Абдурраҳмони Ҷомӣ, 700-солагии Мир Алии Ҳамадонӣ, 3000-солагии Ҳисори шодмон, 5500-солагии Саразми бостонӣ, ҷашнҳои қаҳрамонони Тоҷикистон устод Айнӣ, академик Бобоҷон Ғафуров, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур, Мирзо турсунзода ва дигар фарзандони фарзонаи миллат барои муаррифии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ва эҳёи тамаддуни ғанӣ ва қадимаи мо аҳамияти илмӣ ва тарбиявӣ дошта, дар ташаккули худогоҳӣ, худшиносӣ, ҳофизаи таърихӣ, ҳувияти миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ нақши бузург бозидаанд.

Мақсади сиёсати фарҳангбунёди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими рукнҳои маънавии давлатдорӣ, ташаккули андешаи миллӣ ва болоравии эҳсоси ватандории тамоми сокинони ҷумҳурӣ, пояндагии сулҳу суббот, оромӣ ва таъмини истиқлолияти ғоявию маънавӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат менамоянд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон бо итминони комил меъмор ва поягузори мактаби нав дар сиёсати хориҷӣ ҳисобид.

Имрӯз Тоҷикистон бо аксарияти кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, 161 давлати дунё Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кардааст ва дар беш аз 30 давлати дунё сафоратхона ва консулгариҳои худро дорад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузурганд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодаанд: «Соли байналмилалии оби тоза 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошанд.

Ҳозирини муҳтарам!

Имрӯз мо шукр аз он мекунем, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ корҳои зиёди давлатсозию давлатдориро паси сар намуда, дар шоҳроҳи таҷрибаи идоракунии пешқадами ҷаҳонӣ роҳи бунёди давлати миллии худро пайдо намудем. Истиқлолияти давлатӣ роҳи фардои давлати миллии моро таҳти сиёсати бунёдгузори давлати навини тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян кард.

Мавриди зикр аст, ки рӯзи 11 октябри соли равон дар чорабинии бисёр муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар сазовори эътиқоду боварии мардум гашта, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ҳангоми савгандёдкунии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ироа дошт: «Ман Ватани маҳбубам ва халқи азизамро сидқан ва беш аз ҷони худ дӯст медорам, зеро ман бо нону намаки халқи бузургворам ба ин мартаба расидаам ва ин нону намакро то нафаси вопасини ҳаётам пос медорам ва ба он хиёнат намекунам».

Воқеан, муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвари мо дар зарфи 29 соли охир натиҷаи меҳнати фидокорона ва иқдомҳои қаҳрамононаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Подоши ин ҳама корнамоиҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки он дар миёни халқи мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзии мо пайдо кардаанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби муосири миллӣ ва дар маҷмуъ, ҳамчун меъмори давлатдории навини тоҷиконро мебинанд.

Пазироии самими мардуми ноҳияи Рашт аснои сафари кори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои ҷашнҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ нишон дод, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Рашт ҳамеша бо Пешвои миллат буданд, ҳастанд ва оянда низ ба сиёсати Президенти мамлакат садоқат нишон дода, дар ҳалли масъалаҳои тақдирсоз ҳиссаи муносиб мегузоранд.

Бунёди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ва маҷмааи варзишии он, Коллеҷи тиббӣ, таъмиру барқарорсозии шоҳроҳи Ваҳдат – Рашт – Саритош, бинои чорошёнаи маъмурӣ, варзишгоҳи марказӣ, биноҳои мақомоти прокуратура, нозироти андоз, суғурта, тоҷикстандарт, ҳифзи табиат, шуъбаи Агентии шуғли аҳолӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва ташхиси бойторӣ, сохтмони пули мошингузари байни деҳаҳои Мулло Барот ва Ҳиҷборак, корхонаи ордбарорӣ ва садҳо иншоотҳои марбут ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва фарҳанг аз дастгириҳои Пешвои муаззами миллат ба ҳисоб мераванд.

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти муҳтарам соҳибкорони маҳаллӣ низ ба иқдоми наҷибона даст зада, дар ободонии ноҳия саҳми босазо мегузоранд.

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 315 иншооти муҳими хоҷагии халқ ба нақша гирифта шуда, аз ин 220 ададаш сохта мавриди истифода қарор гирифта, дар боқимонда иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд. Аз ҷумлаи ин 71,3 километр роҳҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ асфалтпуш карда шудаанд, ки шоистаи таҳсин мебошад.

Насли имрӯзи миллат бояд бо як ҷаҳон шодию сурур, шукри Тоҷикистони соҳибистиқлол, Пешвои бохираду меъмори ваҳдат ва расидан ба корҳои бузургу азими созандагиро кунанд.

Ногуфта намонад, ки рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта, мо раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт аз иншооти азими аср-неругоҳи барқи обии Роғун дидан намудем. Ончи дар ин неругоҳ ба чашм мерасад ба ақли инсонӣ намеғунҷад. Афсона ба ҳақиқат табдил ёфтааст, ки дар тасвири он қалам оҷизӣ мекашад.

Ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва таъмини шоистаи зиндагии мардум ба бунёди ин сохтмони азим вобастагии зиёд дорад.

Барои то охир паймудани ин роҳ корҳои зиёди муҳимеро ҳаллу фасл намудан лозим меояд. Ба қадри ин неъмати бузург расидан нангу номуси волои шаҳрвандӣ ва ифтихори баланди миллию ватандорӣ доштан аст.

Дар охир аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи Шумо ҳозирини гиромӣ ва дар симои Шумо кулли мардуми шарафманди ноҳияро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, тансиҳатию хонаободӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро барояшон таманно менамоям.

Сарбаланду саодатманд бошед!