Муҳтарам наваскарон,
Меҳмонони азиз, падару модарон ва
ҳозирини гиромӣ!
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошиашон ба ифтихори 27-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ таъкид намуданд, ки мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибихтиёр дар симои хизматчиёни ҳарбӣ фарзандони ба нангу номус ва далеру шуҷои худро мебинанд, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу ватани худ ҳамеша содиқу вафодор ҳастанд.
Воқеан, ҳифзи Ватан ва ҳимояи манфиатҳои давлат вазифаи муқаддас ва пурифтихори ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номуси кишвар мебошад. Барои ҷавонон яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, пеш аз ҳама ба насли ҷавон дар зиндагӣ сабуриро меомӯзад ва дар мушкилиҳо ботаҳаммул мегардад. Замоне, ки хизмат мекунед, медонед, ки дар оянда чӣ гуна зиндагии худро ба роҳ монеду ба дигарон чӣ тавр муносибату муошират намоед. Ҳар як ҷавонмарде, ки заррае меҳру муҳаббати Ватан дар дилаш ҷой дорад, бояд дар сафи Артиши миллӣ хизмат намояд.
Зеро, Ватан калимаест, ки дар худ тамоми ҳастии моро ғунҷонидаасту ҳангоми ба забон оварданаш моро ҳисси ватандустиву садоқат ба ин марзу бум фаро мегираду дар қалбамон эҳсоси худшиносӣ пайдо мегардад. Ватан неъматест, ки бо ҳастиаш моро мешиносаду ба таъриху фарҳанги ниёгони мо арҷ мегузоранд.
Чуноне Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд: «Хизмат ба Ватан ифтихору шарафмандист».
Ба таҳлили олимон таркиб, моҳият ва мазмуни андешаи миллиро маҳз муҳаббат ва садоқат ба Ватан, ифтихор аз гузашта ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ташкил медиҳад.
Чуноне дар осори гузаштагонамон омадааст «Ватани худро муҳофизат намо, манзили худро нигоҳ дор ва халқи худро тарк накун». Ба ибораи дигар, имрӯзу ояндаи кишвар ва нуфузу эътибори давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷаҳонбинии солим, маърифати баланди сиёсӣ, дониши замонавӣ, омодагии касбӣ, соҳибфарҳангӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву худшиносии ҷавонон вобаста аст.
Маҳз бо дарки ин дар адои хизмати ҳарбӣ ҳар яки шумо шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт-дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро аз бар менамоед.
Бояд гуфт, ки ҳеҷ давлат бе таърих, фарҳанг ва Артиши миллӣ арзи вуҷуд карда наметавонад. Бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ устувор мароми ҳар як кишвар буда, онро дар сурати ҳукмфармо будани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷомеа тарҳрезиву амалӣ намудан имконпазир аст.
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бешубҳа бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимод табдил ёфтааст. Имрӯз ҷавонони саодатманди кишвар ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат бо ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ва нангу номуси миллӣ амалҳои ҷавонмардонаи Пешвои муазами миллатро ҳамчун мактаби сулҳпарварона сармашқи фаолияти хеш қарор дода, баҳри ҳимояи марзу буми Тоҷикистон ҷони худро дареғ намедоранд.
Беҳтарин ифодаи шукргузорӣ аз соҳибватан будан ва расидан ба қадри истиқлолияти миллӣ ва давлати соҳибихтиёр, ин ватандӯстӣ буда, равшантарин изҳори он хизмат кардан ба Ватан мебошад.
Ҷавонони сарбаланду соҳибтамаддун, имрӯз бо ҷӯшу хурӯши ҷавонӣ, ғурури миллӣ ва нангу номуси ватандорӣ сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллатро пайравӣ намуда, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардонавор ва сарбаландона хизмати ҳарбиро анҷом дода истодаанд, ки ин боиси ифтихори мо роҳбарияти ноҳия ба ҷавонони ноҳия мебошад.
Имрӯзҳо ташаккули ифтихормандӣ аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҷавонони бо ору номуси ноҳия баръало эҳсос мешавад. Натиҷа ҳамин аст, ки сол ба сол сафи ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ, яъне ба хоҳиши худ ба сафи Артиши миллӣ рафтани ҷавонон зиёд гашта истодааст. Бори чорум аст, ки нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар минтақа ва ноҳия дар рӯзҳои аввали сафарбарӣ ба иҷро мерасад, ки ин аз пуштибонии сокинон ва ҷавонони ноҳия аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат гувоҳӣ медиҳад. Аз ҳама муҳим он аст, ки худи насли ҷавони ноҳия моҳияти арзишҳои олӣ – ватандӯстиву ҳимояи Ватан – Модарро дарк намудаанд.
Дар баробари ин вазифаи масъулини дахлдор, волидону омӯзгорон ва умуман аҳли ҷомеа низ аз он иборат аст, ки бо мақсади ташаккул ва рушди шуури баланди ватандӯстии насли наврас тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд, то ки садоқат ба анъанаҳо ва ҳифзи ормонҳои олии Ватан ҳадафи ҳамешагии онҳо бошад.
Фарзандони азиз!
Имрӯз, ки Шумо омодагии худро дар роҳи пуршарафу боифтихор дида истодаед, роҳбарияти ноҳия, падару модар ва хешу таборон аз шумо умедвориҳои зиёдеро интизоранд.
Тамоми шароитҳои маданию маишӣ дар қисмҳои низомӣ барои сарбозон муҳаё мебошад.
Аз ҷумла, дар тамоми ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Қушӯнҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавзеъҳои истироҳатӣ, китобхона ва дигар толорҳои фарҳангиву фароғатӣ амал мекунанд. Сарбозон ба китоб, рӯзномаю маҷаллаҳо дастрасӣ дошта, барномаҳои рангинӣ телевизионӣ, филмҳои тарғибкунандаи ватандӯстӣ мунтазам манзури хизматчиёни ҳарбӣ гардонида мешаванд. Ташкилу баргузории маҳфилу озмунҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Илова бар ин, барои боз ҳам мустаҳкам намудани робитаи хизматчиёни ҳарбӣ бо аҳли ҷомеа пайваста дар қисму воҳидҳои низомӣ суҳбату вохӯриҳои сарбозон бо волидону толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷавонони то синни даъватӣ, аҳли зиё ва шоирону адибон доир карда мешаванд.
Барои сарбозони қисмҳои низомии ноҳия низ шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар арафаи ҳама гуна ҷашну маросимҳо дастархони идона ороста шуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад. Чунин ташаббус дар қисмҳои низомии дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ ба ҳукми анъана даромадааст.
Аз шумораи 130 нафар даъватшавандагони ноҳия 80 нафарашон дар ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ноҳия аз курси махсуси ронандагӣ гузашта, соҳиби шаҳодатнома мегарданд.
Бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар қисмҳои низомии ноҳия рӯзҳои «Дарҳои кушод» амал менамояд, ки падару модарон метавонанд озодона аз ҳаёти сарбозии фарзандонашон воқиф шаванд.
Дар охир бо ифтихор метавон гуфт, ки хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон баромада, мардуми худогоҳ дар симои хизматчиёни ҳарбӣ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми Ватанро мебинанд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар минбаъд низ аз иҷрои уҳдадориҳои худ сарбаландона баромада, бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, бархӯрдор будан аз технологияи муосир ва рисолати пуршарафу муқаддаси худ – ҳимояи Ватани маҳбубамон, ҳифзи таъмини зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи хешро сарбаландона иҷро менамояд.
Бовар дорам, ки Шумо низ фарзандони азиз аз ин дар канор намонда, хизмати Ватан-Модарро софдилонаю содиқона ба ҷо оварда, бо сари баланду рӯҳи болида ба зодбуми бобоӣ бармегардед.
Роҳатон сафед барору комёбӣ ёратон бод!