03.09.2020 10:30, шаҳри Душанбе
3 сентябр дар пойгоҳи Гвардияи миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти ҳарбӣ ба муносибати 25-солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва дар назди афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат суханронӣ карданд.
Ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷон Ҷамолзода оид ба омодагии ҷузъу томҳо гузориш дод.
Баъди иҷрои суруди миллӣ аз ҷониби афсарону сарбозон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди иштирокчиёни гузашти ҳарбӣ бо нутқи пурмуҳтаво баромад намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарафманди кишварро ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, оид ба ҳама комёбиву дастовардҳои беназири давлати соҳибистиқлол, рушду камоли артиш ва доир ба пуриқтидор гардидани Гвардияи миллӣ суханронӣ карданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозонро бо фарорасии ҷашни бузурги миллӣ-29-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва 25 – солагии таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфтанд.
Баъди суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати солгарди 25-уми таъсисёбии Гвардияи миллӣ бо амри фармондеҳи парад гузашти низомии ҷузъу томҳои гарнизони Душанбе оғоз гардид.
Дар парад шунавандагони Литсейи ҳарбӣ, афсарони Дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа, Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону аскарони ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати шахсии Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ – ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ, афсарони хадамотҳои махсуси назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, курсантони муассисаҳои олии таълимии ҳарбии тобеи сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои таъиноти махсуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кӯшунҳои сарҳадӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Қӯшунҳои дохилӣ, занону бонувони Артиши миллӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар сохторҳои қудратӣ гузашти низомӣ доир намуданд.