Хабарҳо

ДАР ВОХУРИИ ВАКОЛАТДОР

12 ноябри соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ҷаласаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон баргузор гардид.

Дар ҷаласа раиси ноҳияи Рашт Муқимӣ Раҳимҷон Набизода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Умед Бобозода, ёрдамчии ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Солиҳов Зафар, сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии дастгоҳи ваколатдор Салоҳиддинов Муҳаммад, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Рашт Ортиқов Холмаҳмад, муовинони раиси ноҳия ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳия иштирок доштанд.

Раиси ноҳия Муқимӣ Раҳимҷон Набизода меҳмононро хушомадед гуфта, ҷаласаро кушод.

Сипас ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Умед Бобозода ба сухан баромада, дар бораи ҳифзи ҳуқуқи инсон, санадҳои қабулгардида оид ба ин самт, риояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ба тафсил ҳарф зад.

Аз ҷумла, ӯ иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 150 шуъбаҳои байналмилали оид ба  ҳифзи ҳуқуқи инсон шомил мебошад.

Дар фароварди вохурӣ иштирокчиёни ҷаласа ба саволҳои худ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон посухҳои қаноаткунанда гирифтанд.