Аксҳо Сайёҳӣ

РАШТ МАВЗЕИ САЙЁҲӢ, МАКОНИ МУҲАББАТУ САДОҚАТ 

РАШТ МАВЗЕИ САЙЁҲӢ, МАКОНИ МУҲАББАТУ САДОҚАТ

Маълумоти умумӣ

Номи Рашт аз қадиммулаём ҳамчун Рошт ва аз асри 14 ҳамчун Қаротегин, маълум буд, ки тавассути он Роҳи Абрешим мегузашт. Баъд аз ташкил шудани Ҳокимияти Шўравӣ дар ҳудуди бекигарии Қаротегин вилояти Ғарм таъсис ёфтааст, ки дар баробари ноҳияҳои Қалъаи лаби об, Ҳоит, Ҷиргатол, Шулмак, Сангвор, Дарвоз ва Оби гарм ноҳия аз 27 октябри соли 1939 то 24 августи соли 1955 зери тобеъияти он буд. Ҳамчун ноҳияи Ғарм 10 марти соли 1931 дар масоҳати 5346,9 км2 ташкил ёфтааст. Мутобиқи қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2001, №190 номи ноҳияи Ғарм ба ноҳияи Рашт иваз карда шуд.

Масоҳати умумии ноҳияи Рашт 4,6 ҳазор км2-ро ташкил намуда, 97%-и масоҳати онро кўҳҳо фаро гирифтаанд.

Ноҳияи Рашт аз ҷануб ба ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара), аз  шарқ бо ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш (собиқ Ҷиргатол), аз шимолу шарқ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, аз шимол бо ноҳияҳои Айнӣ  ва  ноҳияи Куҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ва аз ғарб бо ноҳияи Нуробод ҳамсарҳад аст.

Ноҳия аз сатҳи баҳр дар баландии 1350 метр ҷойгир шудааст. Дар баландиҳои 1500 то 3000 метр иқлим мўътадил, тобистон салқин ва зимистон сард аст. Ҳарорати миёнаи моҳи июл +18 +240С ва моҳи январ аз -5 то -100С мебошад. Миқдори боришот ба ҳисоби миёна 600-900 мм-ро ташкил медиҳад.

Ҳудуди ноҳияро аз шарқ ба ғарб дарёи Сурхоб бурида мегузарад. Ба он дарёҳои хурди бисёр ҳамроҳ мешаванд, ки калонтаринашон Руноб, Шўрак, Оби Кабуд, Ясманд, Оби сафед, Сорбоғ ва Санги кар мебошанд.

Дар ноҳия қариб ҳамаи намуди дарахтҳо (себ, нок, олу, чормағз, олуча, зардолу, шафтолу, тут, гелос, ангур, зранг, бодом, фарк), растаниҳои даштӣ ва бешадаштӣ мерўянд. Табъу лаззат ва сифати меваҳои ноҳияи Рашт аз дигар минтақаҳои Тоҷикистон фарқкунанда мебошад.

Ба ҳолати 1 январи соли 2019 аҳолии ноҳияи Рашт 129,8 ҳаз. нафар ё 1,5 фоизи аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ноҳия аз рўи хусусияташ аграрӣ буда, 98 фоизи аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Ҳайати иҷтимоии аҳолии ноҳияро 100 фоиз тоҷикҳо ташкил медиҳанд.

Дар ноҳия ду ҷамоати шаҳрак (шаҳракҳои Ғарм ва Навобод) ва 12 ҷамоати деҳот фаъолият доранд. Маркази ноҳия шаҳраки Ғарм мебошад.

 Фарҳанг

Дар ноҳияи 64 муассисаи фарҳангӣ ва фароғатӣ, зиёда аз 18 мавзеъҳо ва ёдгориҳои таърихӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Инчунин, дар ноҳия ду осорхона фаъолият доранд, ки яке дар назди бахши фарҳанг ва дигаре осорхонаи хусусии  «Кўҳсори Аҷам»  дар деҳаи Ҷафр мебошад. Дар осорхонаи назди бахши фарҳанг зиёда аз 450 нигораю ангор ва дар осорхонаи «Кўҳсори Аҷам» беш аз 2200 нигора гирд оварда шудааст.

Меҳмонхонаҳо

Айни ҳол дар ноҳия 3 меҳмонхонаи замонавӣ – меҳмонхонаҳои «Соҳили сурхоб», «Шоми Рашт» ва «Ҷамъияти матлубот» мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд ва меҳмонхонаҳои мазкур ба тамоми талаботи замон ҷавобгў буда, дар як шабонарўз метавонанд ба зиёда аз 200 нафар меҳмонон хизмат расонанд.

Сайёҳӣ

    Ноҳия имкониятҳои васеъ ва захираи бой барои рушди сайёҳӣ, бахусус сайёҳии экологӣ мебошад. Дар ноҳия мавзеъҳои нодир кам нестанд. Дараҳои хушманзараи Камароб, Тагоба, Қалъанак, Ҷафр, Ҳиҷборак, Ясман ва Ҳоит аз мавзеъҳои нодири сайёҳӣ ба ҳисоб мераванд.

Манзараҳои дилфиреб, гиёҳҳои шифобахш, рўду кўлҳои мусаффо, мардуми меҳмоннавоз ва дигар хусусиятҳои дараҳои мазкур диққати сайёҳони дохилию хориҷиро ба худ ҷалб намуда, ҳамасола теъдоди зиёди онҳо ба ин мавзеъҳо ташриф меоваранд.

Дараи Камароб

Ҳамасола аз дараи овозадори Камароб сайёҳони зиёд дидан менамоянд. Манзараҳои дилфиреб, шаршараҳо, оби шифобахши Хушлар, шикоргоҳҳо, кўҳи пурсаховати Зуғол, кони ангишти Кафтархона, дарахтони гуногуни табиӣ, ҳайвонҳои ваҳшӣ ва паррандагони гуногун диққати сайёҳонро ба худ ҷалб менамоянд.

Парваришгоҳи давлатии “Камароб”соли 1960 дар назди Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия  таъсис дода шудааст, ки ҳудуди он зиёда аз 10 ҳазору 500 гектарро ташкил медиҳад. Мақсади асосии фаъолияти он парвариши гулмоҳӣ, хирси малла ва бузи куҳӣ мебошад. Парваришгоҳ дорои зиёда аз 23 намуди парранда ва 350 намуди гиёҳҳои шифобахш мебошад.

Дараи Ҳоит

         Дар ҳудуди деҳоти Ҳоит сайёҳон бо нишонаҳои заминларзаи бузурги соли 1949, ки ноҳияи Ҳоитро батамом нест намуд, шинос мешаванд. Ошноӣ бо оромгоҳи аввалин муаллимаҳо ва дигар поягузорони давлати Шўравӣ дар Ҳоит низ аз мадди назар дур нестанд. Дараҳои Ясманд, Назарйлоқ ва Шавр ҷойҳои тамошобоб ва шикоргоҳҳои мувофиқанд. Дараи Шавр, ки аз саргаҳ то охираш бисту як километрро ташкил менамояд, бо анвои растаниву дарахтони гуногуни мевадиҳандаю бесамар аз гузаштаҳо мерос монда, Оби сафед, ки аз ин мавзеъ мегузарад, макони гулмоҳии зебои Рашт мебошад.

Дар ин мавзеъ канданиҳои зиёди фоиданок дар синаи кўҳе, ки дар дараи Пиёзӣ ҷойгир аст, нуҳуфтаанд. Тибқи нишондоди мутахассисон шумораи канданиҳои фоиданоки дараи Пиёзӣ на кам аз 24 намуд мебошанд. Ба хотири шаҳидони заминларза дар даромадгоҳи Ҳоит ёдгории таърихии муҷассамаи “Модар” сохта шудааст.

 

Дараи Тагоба

Дар ҳудуди деҳоти Тагоба дараи хушманзари Хуҷашамсиддин воқеъ аст, ки дорои шумораи ҳайвоноти зиёд буда, макони беҳтарин барои шикор аст. Дар ин мавзеъ барои қабули сайёҳон бошишгоҳи замонавӣ сохта шудааст.

Дараи Қалъанак

Дараи Хуничи деҳоти Қалъанак бо таърихи худ барои сайёҳон ҷолиб аст. То заминларзаи 1949 дар ин мавзеъ 13 деҳа буд ва мардуми зиёд кору зиндагӣ мекарданд. Ин дара имрўз як шикоргоҳ ва тамошогаҳи дилпазир аст.

  Дараи Ҷафр

Дараи Ҷафр яке аз мавзеъҳои зебоманзари ноҳияи Рашт ба шумор рафта, ҳамасола аз маконҳои фарҳангию фароғатӣ ва табиати дилфиреби он сайёҳон дидан менамоянд.

Дар ин мавзеъ бо ташаббуси деҳқони асил Мирзошоҳи Акобир ҳанўз соли 1988 боғи ботаникӣ-фарҳангии «Кўҳсори Аҷам» ташкил карда шудааст. Боғи мазкур наздики 1 гектарро ташкил дода, дар он  64 навъҳои маҳаллии себ, 34 навъи муруд, 22 навъҳои зардолу, навъҳои зиёди гелос, ангур, олў, шафтолў, чормағз ва бодом, ки дар шароити нестшавӣ буданд, аз нав барқарор карда парвариш ва зиёд карда шуда истодаанд.

Дар боғи мазкур  дар як дарахти бодоми талхдона 5 намуд мева олў, зардолў, куксултон ва бодоми шириндона, дар як дарахти себ 14 навъи он ва дар як дарахти муруд  6 навъи он  пайванд карда шудаанд, ки намудҳои гуногуни мазза, рангу сифат ва пешпазу дерпазро дар бар мегиранд.

Инчунин, дар боғи мазкур осорхонаи кишваршиносӣ, маркази ҳунармандӣ, меҳмонхонаи миллӣ, бахши замбурпарварӣ таъсис дода шудааст, ки сайёҳон аз таъриху фарҳанги мардуми кўҳистон шинос шуда, аз маҳсулотҳои дастии ҳунармандон, гиёҳҳои шифобахш, асали тозаи гиёҳҳои кўҳистон харидорӣ менамоянд.

Дар заминаи боғи ботаникӣ дар дараи Ҷафр “Парки себ” бунёд гардидааст, ки хело ҷолиб ва беназир буда, барои сайру гашти сайёҳон муносиб мебошад.

Ҳунарҳои мардумӣ, хўрок ва нонҳои миллӣ

Ҳунармандони ноҳия дар ҳама давру замон бо санъати хеш машҳур буданд. Дар ин диёри кўҳсор ҳунарҳои гулдўзӣ, оҳангарӣ, бофандагӣ, заргарӣ, табақтарошӣ, кулолгарӣ, намадмолӣ, дуредгарӣ ва ғайра шўҳрат доранд.

Кадбонуҳои раштӣ ҳунари хуб дошта, ғизоҳоеро тайёр менамоянд, ки, хоси ин мардум мебошанд. Талқон, далида, оши борик, оши тупа, умочи бо дуғ, умочи бо шир, кочӣ, умочи ба ров, кашки сабз, кашки бо сару поча, шакароб, қурутоб, фатирмаска, се намуди суманак, ширкаду, кадуи тагаловӣ, кадушурбо, карамшурбо, наскпиёба, нахудпиёба, тухумпиёба, қорчбирён, моҳибирён, зардолушурбо, ҳавлои сурхак, ҳавлои сафедак, нашоиста, ширбат, туршак, рўғанбат, ордбирён, моделова ва ғайра аз ҷумлаи ғизоҳое мебошанд, ки тули асрҳо дар ин водӣ сокинонаш тайёр менамоянд.

Нонпазӣ низ яке аз ҳунарҳои маъмули занҳои раштонзамин мебошад. Гирдача, кулча ва чапотии ин диёр ба куллӣ аз дигар нонҳои мардуми Тоҷикистон тафовут доранд ва калонҳаҷму болаззат мебошанд.