БАХШИ РУШДИ САЙЁҲИИ НОҲИЯИ РАШТ
ХАТСАЙРИ Рашт – дараҳои – Камароб – Тагоба (2-рўза)
Рўзи якум
Баъд аз субҳона аз маркази ноҳия шаҳраки Ғарм тавассути автомобил ба самти дараи Камароб (15 км) ба роҳ баромада, то бегоҳ дар манзараҳои зебои дараи Камароб сайру сайёҳат анҷом дода мешавад.
Хўроки нисфирўзӣ ва хўроки шом (гулмоҳӣ ва дигар хўрокҳои миллӣ) зери ҳавои кушод дар дараи Камароб.
Бегоҳ баъд аз хуроки шом тавассути автомашина ба самти дараи Тагоба (аз маркази ноҳия дар масофаи 25 км) ба роҳ баромада, шабро дар хостел (меҳмонхонаи хурд) дар мавзеи Хоҷа Шамсиддини дараи Тагоба сипарӣ менамоянд.
Рўзи дуюм
Баъд аз субҳона то бегоҳ аз манзараҳои зебои дараи Тагоба дидан менамоянд. Ин мавзеъ барои истироҳат бисёр ҷойи мувофиқ буда, шароитҳои лозимӣ муҳаё карда шудаанд. Инчунин сайру гашт тавссути асп имкони имконпазир аст.
ТАВСИЯҲО: сайёҳон бояд бо худ либоси гарм, пойафзоли варзишӣ, кўлоҳ, корд, фонарик ва доруҳои лизимии ёрии аввалияро дошта бошанд.