Муқимӣ Раҳимҷон Набизода – 26 июни соли 1962 дар ноҳияи Рашт таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик.
Соли 1984 донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси баплангирии хоҷагии халқ хатм намудааст. Солҳои 1984-1986 иқтисодчии Раёсати хоҷагии қишлоқи Кумитаи иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғарм, солҳои 1986-1990 мутахассиси пешбар оид ба назорат ва тафтишоти иттиҳодияи агросаноатии ноҳияи Ғарм, солҳои 1990-1992 нозири Кумитаи назорати халқии ноҳияи Ғарм, солҳои 1992-1994 нозири давлатии Нозироти андози ноҳияи Ғарм, солҳои 1994-2005 директори совхози “Тагоба”-и ноҳияи Рашт, солҳои 2005-2012 сардори Раёсати молияи ноҳияи Рашт аз 07.02.2012 то 28.06.2012 муовини раиси ноҳияи Рашт, солҳои 2012-2019 муовини якуми раиси ноҳияи Рашт ва аз 26 феврали соли 2019 инҷониб дар вазифаи раиси ноҳияи Рашт кор ва фаолият намуда истодааст.
Соли 2000-ум бо мукофоти давлатии ордени “Дустӣ” сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор соҳиби 5 фарзанд мебошад.